порлумон
НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТА БА ВАКОЛАТИ БОНКИ МИЛЛӢ ВОГУЗОР ШУД
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли ҷорӣ пешбурди назорати фаъолияти суғуртаи ҷумҳурӣ аз ваколати Вазорати молия ба ваколати Бонки миллии Тоҷикистон гузаронда шуд.
Ин матлаб дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз ҷониби Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ироа гардид.
Бо назардошти ҳамин тағйирот аз қонуни мазкур муқаррарот дар бораи мақоми давлатии назорати санҷиши фаъолияти суғуртавӣ, инчунин, бо мақсади кам кардани сарборӣ ва дахолати мақомоти давлатӣ ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ муқаррарот дар бораи мақоми давлатӣ дар самти пешбурди иҷозатнома ва иҷозатномадиҳӣ низ хориҷ карда мешавад. Аз ин пас, пешбурди назорати фаъолияти суғуртавӣ дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва пешбурди назорати фаъолият дар самти иҷозатнома ва иҷозатномадиҳӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» роҳандозӣ мешавад.
Назар ба гуфтаи Акрамзода Баҳодур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, лоиҳаи қонун аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Мақсади асосӣ иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шарикони рушд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон, инчунин, дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйироту илова ворид шуд. Тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон рекламаи тамоку, машрубот ва маҳсулоти тамоку манъ карда мешавад. Шахсони воқеию ҳуқуқие, ки машрубот, тамоку ва маҳсулоти тамоку истеҳсол мекунанд, вобаста ба реклама сарпарасти барномаҳо буда наметавонанд.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни тавзеҳи лоиҳа гуфт, ки ҳадаф аз ин тағйирот ба танзим даровардани тартиби пешниҳоди хизматрасонӣ дар бахши реклама дар бозори маҳсулот ва хизматрасонии кишвар мебошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2017 №: 110-113 Мутолиа карданд: 3155