қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, № 3, мод. 187) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати дуюми моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- сармоягузор – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ташкилот бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро амалӣ менамоянд;».
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1435
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 22 феврали соли 2017, № 704
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 390
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2017 №: 114-117 Мутолиа карданд: 1407