қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 23, мод. 348; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 995; с. 2013, № 7, мод. 541, № 12, мод. 906) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми сеюми моддаи 1, матни моддаи 2, сархати якуми қисми дуюми моддаи 7, қисми якуми моддаи 8 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
2. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 1, қисми якуми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми сеюми моддаи 20 ва матни моддаи 24 калимаҳои «қаламрави» ва «қаламравро» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди» ва «ҳудудро» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 5:
- дар қисми якум калимаҳои «ин мақомот» ба калимаҳои «мақомоти мазкур» иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои «овоз диҳад» ба калимаҳои «овоз дода ва дар ҳалли онҳо иштирок намояд» иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум:
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;»;
- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои «марзию маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми дуюм калимаҳои «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 11:
- дар қисми якум калимаҳои «марзиву маъмурии» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудии» иваз карда шаванд;
- дар ҷумлаи якуми қисми дуюм калимаҳои «вакилон ба» ба калимаҳои «вакилон дар» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми якуми моддаи 13 калимаҳои «ҳар масъала ва таклифҳо» ба калимаҳои «таклифҳо ва масъалаҳоро мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 14:
- дар қисми якум:
- дар матни қисм калимаи «интихоботи» ба калимаи «интихоботии» иваз карда шавад.
- дар ҷумлаи дуюми сархати якум калимаҳои «ин мақомот» ба калимаҳои «мақомоти мазкур» иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои «мақомоти ҳизбҳои» ба калимаҳои «намояндагони ҳизбҳои» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «санадҳои дигари» ба калимаҳои «дигар санадҳои» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 15:
- дар номи модда калимаи «шаҳрвандон» ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» иваз карда шавад;
- дар қисмҳои якум, дуюм ва чорум калимаҳои «шаҳрвандонро», «шаҳрвандон» ва «шаҳрвандонро» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро», «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ» ва «шахсони воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқиро» иваз карда шаванд.
9. Қисми якуми моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад, бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад. Шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор воқеъбуда вазифадоранд аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ вакили Маҷлиси вакилони халқро бетаъхир қабул кунанд.».
10. Дар ҷумлаи якуми қисми дуюми моддаи 18 калимаи «оиди» ба калимаҳои «оид ба» иваз карда шавад.
11. Ба ҷумлаи дуюми моддаи 19 пас аз калимаи «шудааст,» калимаҳои «ошкор намояд ва» илова карда шаванд.
12. Дар қисми дуюми моддаи 20 калимаи «таарруз» ба калимаи «таҳқир» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1432
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» қабул карда шавад.
Муовини якуми Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. АЗИЗӢ
ш. Душанбе, 21 апрели соли 2017, № 749
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 381
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2017 №: 114-117 Мутолиа карданд: 1451