logo

қонунҳои ҶТ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии», «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ», «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Шахсони воқеӣ», «шахсони воқеию ҳуқуқӣ» ва «шахсони воқеӣ» мувофиқан ба калимаҳои «шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие», «шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии», «шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ ВА СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ», «Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- партовҳои радиоактивӣ – ҳама гуна ҳолати физикии масолеҳ ё моддаҳои дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшуда, ки дар таркиби худ радионуклидҳо доранд ё бо онҳо олуда шуда, аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд;»;
- дар сархати бистудуюм калимаи «оиди» ба калимаи «ҷиҳати» иваз карда шавад;
- сархати биступанҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ – мушоҳидаи мунтазами маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо мақсади муайян кардани тағйироти баамаломада ва саривақт бартараф намудани оқибатҳои таъсири манфии он;».
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаи 5:
- дар сархати шашум калимаи «пӯшонидани» ба калимаҳои «рӯйпӯш намудани» иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаҳои «интихоби майдонча» ба калимаҳои «додани қитъаи замин» иваз карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум аломати нуқта «.» ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани салоҳияти дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.».
5. Дар моддаи 6:
- дар сархати чорум калимаи «пӯшонидани» ба калимаҳои «рӯйпӯш намудани» иваз карда шавад;
 - дар сархати ҳафтум калимаи «реҷаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа намудани ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони маҳфузгоҳҳо барои гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр ва кӯтоҳумр;»;
- дар сархати нуҳум аломати нуқта «.» ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.».
6. Дар моддаи 7:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаи «пӯшонидани» ба калимаҳои «рӯйпӯш намудани» иваз карда шавад;
- дар сархати ҳафтум аломати нуқта «.» ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.».
7. Дар моддаи 8:
- дар қисми 2:
- аз сархати якум калимаҳои «пешбурди» ва «Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаи «майдонча» ба калимаҳои «қитъаи замин» иваз карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Номгӯи мақомот ва муассисаҳои давлатиро, ки дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштирок  мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
8. Дар моддаи 9:
- дар матни модда калимаҳои «ӯҳдадориҳои зерин доранд» ба калимаҳои «дорои ӯҳдадориҳои зерин мебошанд» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаи «майдонча» ба калимаҳои «қитъаи замин» иваз карда шавад; 
- дар сархати сеюм калимаҳои «стандартҳо ва талаботи» ба калимаҳои «стандартҳо, талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои «маҳфуздорӣ ё гӯристони» ба калимаҳои «нигоҳдорӣ ё маҳфузгоҳи» иваз карда шаванд.
9. Моддаи 91 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 91. Талаботи умумӣ ба истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ
1. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ҳар сол истифодаи мавод, моддаҳо, таҷҳизот ва ашёи дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшавандаро, ки дар таркибашон радионуклидҳо аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд, муайян менамоянд.
2. Истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ интиқоли партовҳои радиоактивиро ба маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё тавассути корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъмин менамоянд.».
10. Дар моддаи 10:
- дар қисми 3 калимаҳои «истеҳсолкунанда, ки дар натиҷаи фаъолияти ӯ ин партовҳо ҳосил шудаанд,» ба калимаи «тарафҳо» иваз карда шаванд;
- аз қисми 4 калимаҳои «, ки дар натиҷаи фаъолияти он партовҳои радиоактивӣ ба вуҷуд меоянд» хориҷ карда шаванд.
11. Дар қисми 1 моддаи 11 калимаҳои «дар асоси» ба калимаҳои «бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» иваз карда шаванд.
12. Ба номи боби 4 баъд аз калимаи «РАДИОАКТИВӢ» калимаҳои «ВА МАҲФУЗГОҲҲОИ ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ» илова карда шаванд.
13. Дар моддаи 12:
- ба номи модда баъд аз калимаи «радиоактивӣ» калимаҳои «ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ» илова карда шаванд;
 - қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти зарурӣ бо мақсади таъмини фаъолияти низоми давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, пешгирӣ намудани имконияти ҷамъшавии беназорати партовҳои радиоактивӣ, таъмин намудани назорати фаврӣ оид ба ҷойгиршавӣ ва интиқоли партовҳои радиоактивӣ,  шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо гузаронида мешавад.»;
- ба қисми 3 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бемӯҳлат (доимӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» нигоҳ дошта мешаванд.».
14. Матни моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Пешбурди Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
2. Мақомот ва муассисаҳои давлатии дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштироккунанда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ворид намудан ба Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ маълумот пешниҳод менамоянд.».
15. Матни моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Пешбурди Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ амалӣ менамояд.
2. Ба Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ маълумоти ҳуҷҷатнокшуда вобаста ба макон ва мӯҳлати ҷойгиронии партовҳои радиоактивӣ, макони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дарозумр ва консерватсияи онҳо, хусусиятҳои миқдорӣ ва сифатии партовҳои радиоактивӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дохил карда мешаванд.».
16. Ҷумлаи якуми қисми 1 моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар асоси меъёрҳо ва қоидаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ муайянгардида амалӣ карда мешавад ва он маълумоти зеринро дар бар мегирад:».
17. Дар моддаи 18:
- дар қисми 2 калимаҳои «ҳисоби соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ» ба калимаҳои «ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои «соҳибони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ» ба калимаҳои «роҳбарони корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаи «Реҷаи» ба калимаи «Низоми» иваз карда шавад.
18. Дар моддаи 19:
- ба қисми 1 баъд аз калимаи «ифлосгашта» калимаҳои «, ки аз экспертизаи давлатӣ гузаштааст,» илова карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои «пӯшида шудани» ба калимаҳои «рӯйпӯш намудани» иваз карда шаванд.
19. Дар моддаи 21:
- дар қисми 2 калимаҳои «Корхонаи махсусгардонидашудаи» ба калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи» ва калимаи «майдончаи» ба калимаҳои «қитъаи замин» иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаи «майдонча» ба калимаҳои «қитъаи замин» иваз карда шавад.
20. Дар моддаи 22:
- дар номи модда калимаҳои «интихоби майдонча» ба калимаҳои «додани қитъаи замин» иваз карда шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои «тасдиқи майдонча ва гирифтани иҷозат» ба калимаҳои «додани қитъаи замин» иваз карда шуда, калимаҳои «ва оид ба ин масъала мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро хабардор менамояд» хориҷ карда шаванд;
 - ҷумлаи якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Ҷиҳати қабули қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:»;
- дар сархати дуюм калимаҳои «тарз нисбат ба майдонча барои ҷойгир кардани онҳо» ба калимаҳои «тарзи ҷойгиркунии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ дар қитъаи замин» иваз карда шаванд;
- аз сархати сеюм калимаҳои «соҳиби партовҳои радиоактивӣ ё соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё» хориҷ карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи «майдонча» ба калимаҳои «қитъаи замин» иваз карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои «интихоби майдонча» ба калимаҳои «додани қитъаи замин» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 23:
- дар сархати дуюми қисми 2 калимаи «пӯшидани» ба калимаҳои «рӯйпӯш намудани» иваз карда шавад.
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ё объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида дар асоси лоиҳаи дахлдори аз экспертизаи давлатӣ ва экологӣ гузашташуда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ, инчунин меъёру қоидаҳои сохтмонӣ  ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, амалӣ мегардад.».
22. Дар номи боби 7 калимаи «РЕҶАИ» ба калимаи «НИЗОМИ» иваз карда шавад.
23. Дар моддаи 24:
- дар номи модда калимаҳои «Ҷудо кардани» ба калимаи «Додани» иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои «ҷудо карда» ба калимаи «дода» иваз карда шаванд.
24. Дар қисми 2 моддаи 25:
- дар матни қисм калимаи «минтақаи» ба калимаи «минтақаҳои» иваз карда шавад;
- дар сархати панҷум калимаи «реҷаи» ба калимаи «низоми» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1430


ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                                 Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 апрели соли 2017, № 716


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 379


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед