logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 3, мод. 168; с. 2012, № 12, қ.1, мод. 1015) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи «муносибатҳоро» ба калимаҳои «муносибатҳои ҷамъиятиро» иваз карда шавад.
2. Дар сархати дуюми моддаи 11 калимаҳои «андешидашуда» ва «таъин» мувофиқан ба калимаҳои «амалишаванда» ва «равона» иваз карда шаванд.
3. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Аз матни моддаи 4 рақамҳои «1.» ва «2.» хориҷ карда шаванд.
5. Ба моддаи 5 қисмҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.».
6. Ба қисми сеюми моддаи 51 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Сохтмони объектҳои наве, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморию сохтмон анҷом дода мешавад.».
7. Дар моддаи 8:
- дар ном ва сархати ҳаштум калимаҳои «Ваколатҳои» ва «ваколатҳоро» мувофиқан ба калимаҳои «Салоҳияти» ва «салоҳиятро» иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаи «корбурди» ба калимаи «пешбурди» иваз карда шавад.
8. Дар моддаи 9:
- сархати ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;»;
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«-дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.».
9. Дар моддаи 10:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»;
- аз сархати сеюм калимаҳои «мақомоти худидораи маҳалӣ ва» хориҷ карда шаванд;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот барои нигоҳдорӣ, истифодаи мақсадноку босамар, пешгирӣ намудан аз вайроншавӣ ва нобудшавӣ, тарғиботи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа чораҳо меандешанд.».
10. Матни моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарурӣ вобаста ба ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор омода карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1429

ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 3 майи соли 2017, № 760

ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  М. УБАЙДУЛЛОЕВ 
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 377


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2017    №: 114-117    Мутолиа карданд: 1763
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед