қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, № 3, мод. 159; с. 2007, № 7, мод. 681; с. 2008, № 6, мод. 459, № 10, мод. 818; с. 2011, № 3, мод. 160, № 6, мод. 458; с. 2012, № 4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, № 8, мод. 818, № 12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, № 12, мод. 879; с. 2015, № 3, мод. 211; с. 2016, № 3, мод. 151, № 7, мод. 625, № 11, мод. 882), тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Кодекс калимаҳои «қаламрави», «Қаламрави», «қаламрав», «ҚАЛАМРАВИ», «қаламраваш» ва «қаламраве» мувофиқан ба калимаҳои «ҳудуди», «Ҳудуди», «ҳудуд», «ҲУДУДИ», «ҳудудаш» ва «ҳудуде» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 2 моддаи 9, қисми 5 моддаи 368 ва қисми 4 моддаи 430 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шавад.
3. Дар банди 2) қисми 1 моддаи 212 ва моддаи 312 калимаҳои «туризм» ва «туристӣ» ба калимаи «сайёҳӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар банди 3) қисми 6 моддаи 4411 калимаҳои «ба қувваи қонунӣ даромадани» ба калимаҳои «эътибори қонунӣ пайдо кардани» иваз карда шаванд.
5. Дар қисми 1 моддаи 483 калимаҳои «шаҳрванди қобили амали Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад, ки» ба калимаҳои «шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад,» иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 488:
- банди 15) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«15) бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар;»;
- банди 15) банди 16) ҳисобида шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 30 майи соли 2017, № 1421
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 5 апрели соли 2017, № 720
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 386
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.06.2017 №: 114-117 Мутолиа карданд: 2643