logo

маориф

ТАЪЛИМИ ДАСТРАС. ТАҶРИБАҲОИ НАХУСТИН УМЕДВОРКУНАНДААНД

Чандест, ки дар ҷумҳурӣ лоиҳаи таъмини захираҳои озоди таълимӣ амалӣ гардида истодааст. Ташаббускори он  Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» мебошад, ки  дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Бино ба иттилои Талъат Нуъмонов, роҳбари маркази мазкур, баланд бардоштани сифати таълим, зиёд намудани шумораи толибилмон ва боло бурдани обрӯи омӯзгорон, ҳифзи ҳуқуқи онҳо  ҳамчун муаллифи маводи таълимӣ ва илмӣ, дастрасии доимӣ ба маводи таълимӣ аз бартариятҳои муҳими таълимии дастрас мебошанд.
Лоиҳаи мазкур идомаи барномаи пилотие мебошад, ки чанде пеш дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида буд. Дар барномаи аввал панҷ мактаби олии шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб  иштирок дошт. Лоиҳаи нав ҳафт донишгоҳ ва донишкадаи кишварро дар бар мегирад. Дар он ба ғайр аз макотиби олии шаҳри Душанбе, донишгоҳҳои Кӯлоб, Хоруғ ва  Хуҷанд низ ширкат меварзанд. Бори нахуст дар ҷумҳурӣ устодони макотиби олии кишвар омодасозии маводи мултимедиро (видеодарсҳо, аудиолексияҳо, графика ва ғайра) аз бар менамоянд.  Ҳамчунин, дарсҳои омӯзишӣ (мастер – классҳо) доир ба омодасозии замимаҳои мобилӣ дар асоси захираҳои маъмулу дастраси таълимӣ гузаронда мешаванд.  Дар охир миёни устодони донишгоҳҳои кишвар баргузор намудани озмуни беҳтарин захираи таълимӣ дар назар аст.
Дар доираи лоиҳа донишгоҳҳои кишвар сомонаҳои худро таъсис додаанд, ки онҳо ба таҳия ва пешниҳоди маводи таълимии дастрас ва рушди омӯзиши фосилавӣ машғул мебошанд. Аз сомонаҳои мазкур донишҷӯён ва довталабон метавонанд маводи таълимиро дар мавзӯъҳои гуногун пайдо ва  аз бар намоянд. Маводи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба омода гардидаанд. Устодони донишгоҳ ва донишкадаҳои кишвар дар ин сомонаҳо лексия, корҳои амалӣ, саволҳо барои санҷишу имтиҳонот ва адабиёти зарурро низ ҷойгир менамоянд.
Зарурат ба пайдоиши ин равандро Т. Нуъмонов дар ду омили асосӣ мебинад. “Якум, ин рушди иқтисоди глобалӣ аст, ки танҳо ва танҳо ба дониш такя мекунад. Сатҳи дониш дар кадом кишваре, ки баланд бошад, эҳтимолияти рушди он бештар аст. Дувум,  таъмини адолати иҷтимоӣ.  Ба ҳамагон маълум аст, ки дар олам шумораи онҳое, ки дониш  гирифтан мехоҳанд, аз имконияти қабули довталабон ба муассисаҳои таълимӣ бештар аст. Ва ҷавонон, новобаста аз марзҳо ва имкониятҳояшон, донишро дар саросари олам ҷустуҷӯ доранд. Дар ин роҳ ба онҳо захираҳои таълимии дастрас ва таълими фосилавӣ ёрӣ мерасонад”, – мегӯяд ӯ.  
Дар ҳоли таъмин намудани дастрасии озод ба таҳсил он метавонад такрор ба такрор истифода гардад, тағйир ва такмил ёбад ва  барои истифода ба шахси сеюм  дода шавад. Мунира Обидова, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, хушнуд аз он аст, ки “дар кишвари мо низ низоми таълими фосилавӣ дар ҳоли рушд аст. Чунин низом имкон медиҳад, ки дониши толибилмон воқеъбинона баҳогузорӣ шавад.
Ман дар саҳифаи худ маводи таълимиро дар шакли маърӯза, муаррифиҳо, тестҳо ва ҳамчун мавод барои корҳои мустақилона мегузорам. Аз ҳама аҷибаш  сохтани тестҳо буд. Акнун шогирдони  ман метавонанд тариқи интернет, новобаста  аз макону  замон, дониши худро бисанҷанд ва имтиҳон супуранд”.
 Агар дар ин донишгоҳ низоми захираҳои таҳсилоти озод бештар барои омӯзиши маводи иловагӣ истифода шавад, дар Донишкадаи ҳуқуқ, бизнес ва соҳибкории Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, аллакай корҳои санҷишии худро тариқи ин портал месупоранд. Шуҳратҷон Исмоилов, устоди фанни асосҳои барномасозии  донишкадаи мазкур, вобаста ба ин масъала чунин ибрози назар намуд: “Ман барои худам роҳи наверо дар таълими донишҷӯён  пайдо кардам. Қаблан дар  муассисаи мо касе низоми таълими фосилавиро анҷом надода буд.  Алҳол донишҷӯёни  мо  ҳатто  корҳои санҷишии худро аз тариқи портали манбаъҳои озоди дастрас иҷро менамоянд. Курси  таҳиянамудаи ман бо забони русист. Ин қадами аввал буд. Ҳоло нақша  дорам,  ки курси минбаъдаро бо забони тоҷикӣ омода  намоям».
Мутахассиони Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии порталҳо бо устодони мактабҳои олӣ ҳамкорӣ намуда, аз ҳисоби онҳо мутасаддиёни ин соҳаро омода намуданд. Айни замон, дар маҷмӯъ 53 курси таълимӣ барои донишҷӯёни  донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳия шудааст. Тамоми  мавзӯъҳо барои дастрасии  озод дар портали манбаъҳои бози таҳсилот бо нишонии http://oer.cict.tj/ гирд оварда шудаанд. “Ҳамчунин,  иштирокчиёни муассисаҳои  таълимии ба  омӯзишҳо   фарогирифташуда дар серверҳои худашон чунин порталҳоро илова менамоянд. Дар давоми ду соли охир ҳудуди 170 нафар аз ҳисоби устодону донишҷӯён аз курсҳои омӯзишии мо гузашт.
Яке аз омилҳои муҳим дар шароити кунунӣ кам кардани хароҷоти таҳсилоти босифат мебошад. Агар сода карда гӯем, ин бо камтарин масраф  (ё тақрибан ройгон) дастрасӣ ёфтан ба захираҳои таълимӣ мебошад. Бо он  даромаде, ки аксари донишҷӯёни мо доранд,  дарёфти адабиёти  соҳавӣ  осон нест. Ҳоло бошад, маводи таълимии таҳиянамудаи устодон, олимон  ва мутахассисони соҳа  дар сервер ё сомонаи (портали)  муассисаи таълимӣ гирд оварда шуда,  аз дигар забонҳо тарҷума, ба барномаи таълимӣ мутобиқ гардонда мешаванд. Дар натиҷа, хароҷоте, ки донишҷӯ барои харидани китобу манбаъҳои дигари илмӣ ва вақте ки барои ин кор сарф месозад, кам карда мешаванд”, - мегӯяд Т. Нуъмонов. 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2017    №: 119    Мутолиа карданд: 1553
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед