маориф
«ДӮСТӢ» ДАР ИНТИЗОРИ ДӮСТДОРОН
Лагери «Дӯстӣ» - и Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт дар мавқеи хушобу ҳаво ва дилрабо, миёни кӯҳҳо ҷой гирифтааст. Аз канори он дарёчаи Сорбоғ мегузарад. Ба ин хотир хонандагони мактаб аз ин ҷамоат ва шаҳру навоҳии гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳритуз, Носири Хусрав ҳамасола дар мавсими гармо барои истироҳат ба ин ҷо меоянд.
Масоҳати ҷойгиршавии лагер 5 гектарро ташкил медиҳад.
Сарпарастии онро Ташкилоти байналмилалии Ҳамсоягии нек ба уҳда дорад.
Сар карда аз 19 июни соли равон лагер 460 нафарро ба оғӯши худ мегирад. Ҳамаи имконот барои истироҳати бофароғати хонандагон муҳайёст. Майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва ташкили дигар воситаҳо барои бозиҳои шавқовар ба истироҳат ва инкишофи ҷисмию рӯҳии онҳо мусоидат менамояд.
Чанде аз хонандагони мактабҳои ин ҷамоат, ки солҳои қаблӣ дар ин лагер истироҳат намуда буданд, изҳор доштанд, ки таассуроташон дар ин маврид бисёр хуб мебошад. Онҳо дар лагер дӯстони нав пайдо кардаанд ва то ба ҳол бо ҳам дар иртиботанд. Дар ин мавсим низ тасмим гирифтаанд, ки дар лагери «Дӯстӣ» истироҳат бинамоянд.
Онҳо ҳамзамон аз фаъолияти чашмраси Ташкилоти байналмилалии Ҳамсоягии нек изҳори сипос намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки ин ташкилот ба муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат ҳамасола кумакҳои хайриявӣ, аз қабили сару либоси мактабӣ барои 400 нафар хонанда, ашёи хониш барои 2200 нафар таҳсилкунанда ва адабиёти бадеӣ ба се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мерасонад.
Ҳамин тавр, «Дӯстӣ» барои пазироии дӯстдорон, яъне истироҳаткунандагон омодааст.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.06.2017 №: 120 Мутолиа карданд: 1436