барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба амалҳои террористӣ дар шаҳри Теҳрон, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо таъзияву тасаллияти амиқи хешро иброз менамоям.
Мо ин ҷинояти золимонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати таъхирнопазири тақвияти муборизаи беамону дастаҷамъонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ муҷаддадан таъкид менамоем.
Ҳамдардиву тасаллияти самимии инҷонибро ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.06.2017 №: 120 Мутолиа карданд: 2782