порлумон
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, баргузор гардид, Созишномаи грантии кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар бораи баланд бардоштани иқтидори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки дар заминаи ваколатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 декабри соли 2016 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд 18 январи соли равон созишномаи мазкур ба имзо расонда шуд. Кумаки техникии мазкур аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ барои беҳбуд ва баланд бардоштани шароити кории кормандони Вазорати энергетика ва захираҳои об пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи созишнома Бонки исломии рушд розигии худро ҷиҳати ҷудо кардани 280 ҳазор доллар ба сифати кумаки техникӣ барои хариди маҷмӯи таҷҳизоти идоравӣ ва таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ки дар доираи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия пешбинӣ гардидаанд, иброз намудааст. Татбиқи лоиҳа имконият фароҳам меорад, ки сатҳу сифати кории кормандон ва коргузорӣ баланд бардошта шуда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани ҳукумати электронӣ дар заминаи хуби техникӣ гузошта шавад. Ба гуфтаи вазир, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба тасвиб расид. Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, ки тибқи он минбаъд дар Тоҷикистон шахсоне, ки шаҳрвандии кишвари хориҷиро доранд ё соҳиби душаҳрвандиянд, ҳуқуқ надоранд дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд. Дар сурати ошкор шудани душаҳрвандии нафароне, ки дар мақомоти корҳои дохилии кишвар фаъолият мекунанд, онҳо аз вазифа барканор мегарданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.06.2017 №: 121 Мутолиа карданд: 3195