озмунҳо
ОЗМУН
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ
ОЗМУН эълон менамояд.
Дар озмун олимону адибон, публисистону журналистони касбӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд.
Асарҳои пешниҳодшаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистию публисистӣ офарида шуда, фарогири масоили марбут ба вазъи имрӯза ва дурнамои забони тоҷикӣ, мақому манзалати забон дар тамаддуну фарҳанги миллӣ, хидматҳои мондагори қаҳрамонҳои Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устод Садриддин Айнӣ дар ҳимоя ва таҳкими забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бошанд. Маводҳо дар ҳаҷми то 3 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешаванд.
Озмун аз 5 июн то 15 сентябр идома ёфта, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.Мукофотҳо:
Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ.
Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ.
Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 0 №: 0 Мутолиа карданд: 19824