logo

порлумон

МУҲИТИ ЗИСТ. ҚОНУНИ НАВ БА ТАСВИБ РАСИД

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат намуда, барои мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ дар ин самт пайваста иқдомоти судманд ба роҳ мемонад.
Дар ин робита, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист»-ро баррасӣ намуда, оид ба қабули он қарори дахлдор ба тасвиб  расонд.  Хайрулло  Ибодзода,  раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунро дар ҳузури вакилон муаррифӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки қабули қонун метавонад барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо ҷалби иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона мусоидат намояд, ки он асоси сиёсати давлатии ҳифзи табиатро ташкил медиҳад. 
Назар ба гуфтаи мавсуф,  дар ибтидои соли 2016  аз ҷониби СММ барои 15 соли оянда ҳадафҳои асосӣ муайян гардид, ки бархе аз онҳо ба масоили экологӣ робитаи бевосита доранд. Яке аз ин ҳадафҳо чораҷӯии фаврӣ барои пешгирии шиддати тағйирёбии иқлим ва бартараф намудани оқибатҳои он мебошад.
Олимҷон Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни барррасии лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, робитаи мутақобилаи он ба экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин, баҳисобгирӣ ва таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро муқаррар менамояд. Дар идома таъкид шуд, ки дар давраи амалӣ намудани ҳадафи асосӣ инсоният метавонад, ба муҳити зист таъсири манфии худро расонад. Аз ин лиҳоз баҳисобгирии зарари экологӣ дар рафти қабули қарори ҳанӯз дар марҳилаи банақшагириву лоиҳакашӣ қарордошта метавонад, барои пешгирии таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат намояд. Ин нисбат ба чорабиниҳое, ки дар ҷараёни истихроҷи захираҳои табиӣ, корҳои сохтмонӣ ва ё баъд аз ба истифода супурдани объектҳои соҳаи истеҳсолӣ барои ҷуброн кардан ва додани товони зарар аз рӯи арзёбии иқтисодӣ бештар манфиатдор, яъне арзонтар мебошад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 3156
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед