порлумон
РЕКЛАМА ДАР САДОВУ СИМО ТАНЗИМ МЕШАВАД
Бо мақсади роҳ надодани реклама дар адабиёти таълимӣ, аз ҷумла асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот истифода мегарданд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» тағйиру иловаҳо ворид шуд.
Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи қонуни мазкур иброз дошт, ки он бо мақсади мураттаб сохтан ва ба низом даровардани бозори реклама, инчунин, такмили меъёрҳои қонуни амалкунанда бо назардошти қонунгузории ИДМ дар бораи реклама таҳия шудааст. «Омӯзиши бозори реклама собит сохт, ки вақтҳои охир аз тарафи рекламадиҳандаҳо, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама дар лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла рӯзномаҳо ва дафтарҳои мактабӣ рекламаҳои гуногун паҳн мегарданд, ки ба ҷараёни таҳсил умуман рабт надоранд. Бинобар ин, ҷиҳати ба танзим даровардани масъалаи марбут ба қонуни амалкунанда дар таҳрири нав илова ворид шуд».
Зимни баррасии ин масъала дар порлумони мамлакат дар мавриди пахши реклама дар шабакаҳои телевизион ва радио низ суҳбат шуд. Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳарчанд меъёри муқарраргардида риоя гардад ҳам, вале аз ҳафт то даҳ дақиқа ва аз ин ҳам зиёда давом кардани реклама дар радио ва шабакаҳои телевизионӣ бинанда ва шунавандаи барномаҳоро нороҳат месозад. Аз ин лиҳоз, ҷиҳати ба танзим даровардани вақти пахши реклама дар шабакаҳои телевизионӣ ва радио новобаста аз шакли моликият дар моддаи 11 илова ворид шуд. Ҳамчунин, муҳлати нигоҳдории маводҳои реклама ва нусхаҳои онҳо, ки 6 моҳ муқаррар шуда буд, ба як сол тамдид ёфт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2017 №: 129 Мутолиа карданд: 3252