энергетика
"ЭНЕРГИЯИ САБЗ". "ПОМИР ЭНЕРҶӢ" САЗОВОРИ ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИД
Ширкати «Помир энерҷӣ» - и Тоҷикистон барои бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаю арзон – «энергияи сабз» таъмин намудани – сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва қисми аҳолии вилояти ҳаммарзи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сазовори ҷоизаи байналмилалии «Ашден» - ҷоизаи эътирофгардидаи ҷаҳонӣ дар соҳаи энергияи тозаи экологӣ аз манбаъҳои барқароршаванда гардид.
«Помир энерҷӣ» нахустин ширкати муштараки давлатӣ ва бахши хусусӣ дар кишвар мебошад, ки соли 2002 бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва рушд таъсис ёфт. Тайи 15 сол ширкат тавонист неругоҳҳои зиёди хурди барқи обиро барқарор ва ба шабакаи умумӣ пайвасткарда, дастрасии сокинони ВМКБ – ро ба барқи хушсифату арзон пурра таъмин намояд. Дар ин муддат хатҳои зиёди интиқоли барқ ва иншооти ёрирасон бунёду навсозӣ гардиданд. Соли 2008 содироти неруи барқ аз «Помир энерҷӣ» ба деҳоти наздики Афғонистон оғоз ёфт ва мардуми ин маҳаллаҳо бори нахуст соҳиби барқи арзону аз нигоҳи экологӣ тоза шуданд. Татбиқи як қатор лоиҳаҳои энергетикӣ, ки айни ҳол дар доираи ҳамкориҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон вусъат пайдо кардаанд, барои таъмини аҳолии деҳоти бештари кишвари ҳамсоя бо барқ имкон фароҳам меоварад.
Дастрасии доимӣ ба неруи барқи арзон барои мардуми ВМКБ, аз маркази маъмурӣ то ноҳияҳои дурдаст, имкониятҳои рушди минтақаро фаровон сохт. Фаъолияти корхонаю муассисаҳо, хусусан таълимию тандурустӣ, ба куллӣ беҳтар гашт, сатҳи зиндагии сокинон боло рафт ва ҳамзамон, таъсири номатлуб ба муҳити зист хеле коҳиш ёфт.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2017 №: 129 Мутолиа карданд: 17715