барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк - Валтер Штайнмайер барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Олӣ!
Хабари реҳлати собиқ канслери Германия Ҳелмут Кол боиси андуҳи бепоёни мо гардид. Ҳелмут Кол ба ҳайси шахсияти бузурги давлатӣ хислату муҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намуда, ҳамчун сиёсатмадоре, ки дар раванди муттаҳид гардондани Германия ва таъсис додани Иттиҳоди Аврупо нақши бузург дорад, дар таърихи муосир ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.
Ҷаҳду талошҳои пайвастаи ӯ дар арсаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳу субот ва ризоияти кулл, қатъ гардондани давраи “ҷанги сард” боиси шинохти умум ва эътирофи марҳум гардид.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба Шумо ва ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин, ба тамоми мардуми Германия таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям”.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2017 №: 129 Мутолиа карданд: 2822