маориф
«ФАРХОР. ЧАНД МУШКИЛИ ЯК МАКТАБ».
«Ҷумҳурият», 27 апрели соли 2017
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор маълум менамояд, ки мақолаи «Фархор. Чанд мушкили як мактаб» бо иштироки масъулон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дарвоқеъ, заминаи моддию техникии аксари муассисаҳои таълимии ноҳия мушкилоти худро дорад. Бештари биноҳои таълимӣ тариқи ҳашар сохта шуда, ба меъёрҳо ҷавобгӯ намебошанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 аз зумраи онҳост. Дар зарфи 2 – 3 соли охир бо бунёди синфхонаҳои иловагӣ мактабро аз вазъи себастӣ раҳо бахшида, шароит то ҷое беҳтар карда шуд. Мактаб, дар ҳақиқат, аз ҳисоби масоҳати хурд доштанаш майдончаи варзишӣ надорад.
Бо назардошти зиёд шудани нуфузи аҳолӣ дар ин деҳаи дурдаст мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ дар доираи иҷрои Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017 – 2021 замин ҷудо намуда, мушкилоти мавҷударо бартараф менамояд.
С. ВАЛИЗОДА, раиси ноҳияи Фархор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.06.2017 №: 130 Мутолиа карданд: 1519