энергетика
НЕРУГОҲИ ҚАЙРОҚҚУМ ТАҶДИД МЕГАРДАД
Бар асоси Созишномаи грантии таҷдидиназаршуда оид ба пешниҳоди кумаки техникӣ байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди НБО - и Қайроққум», ки рӯзи 21 июн дар порлумони кишвар ба тасвиб расид, НБО - и «Қайроққум» навсозӣ хоҳад шуд.
Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», зимни ташреҳи созишнома зикр кард, ки неругоҳи мазкур солҳои 1956 - 1957 бунёд гардида, айни замон таҷҳизоти он куҳнаву фарсуда ва ниёз ба навсозӣ дорад. Назар ба гуфтаи ӯ, пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ иқтидори неругоҳ аз 126 мегаватт ба 170 мегаватт расонда мешавад. Вобаста ба маблағгузории марҳалаи якуми лоиҳаи таҷдиди неругоҳ 25 июли соли 2014 байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд созишномаҳо ба маблағи 71 миллион доллари ИМА ба имзо расиданд. Марҳалаи аввали лоиҳа иваз намудани ду агрегат, таҷҳизоти механикию барқӣ ва таҷдиди сарбанди бетониро дар бар мегирад. Доир ба маблағгузории марҳалаи дуюм, ки беш аз 120 миллион долларро ташкил медиҳад, гуфтушунидҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд идома доранд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи молиявӣ ва грантӣ оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ба тасвиб расид. Ҷамшед Нурмаҳмадиён, муовини вазири молия, изҳор дошт, ки маблағи созишнома 31,8 миллион долларро ташкил дода, аз ин 5,85 миллион доллар грант ва 19, 25 миллион доллар қарзи Бонки Осиёии Рушд, 3 миллион доллар гранти Фонди Ҷопон ва 3, 7 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронда шудааст. Мақсади асосии лоиҳа ба кор даровардани инфрасохтори обёрӣ тавассути азнавсозӣ мутобиқ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур барои пурра ба кор даровардани инфрасохтори идоракунии захираҳои об, беҳтар намудани ҳолати заминҳои обёришаванда тавассути азнавсозӣ ва таъмини устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ равона шудааст. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли равон оғоз ва то соли 2022 идома хоҳад ёфт.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.06.2017 №: 133 Мутолиа карданд: 17668