logo

энергетика

МАНБАИ БУЗУРГИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

Об дар баробари маводи  муҳими истеъмолӣ будан манбаи   бузургу босамари  энергетикист. Истифодаи он  нисбат ба усулҳои дигари  истеҳсоли  барқ ба табиат безарар мебошад, муҳити зистро ифлос намесозад.  Раванди муносибатҳои тезу тунди кишварҳои ҷаҳон дар бахши энергетикаи обӣ афзалияти истифодаи манбаъҳои обиро рӯшан месозад.  Захираҳои  азими гидроэнергетикие, ки ҳоло бо талошҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳрагирӣ мешаванд, дар оянда  рушди  соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва  ояндаи дурахшони Ҷумҳурии  Тоҷикистонро   таъмин хоҳанд кард.
Манбаи асосии обҳои кишварро пиряхҳо ташкил медиҳанд. Шумораи  онҳо  дар ҷумҳурӣ қариб  ба  9500 адад мерасад ва   тахминан 11000 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Пиряхҳо тақрибан  6 дарсади   масоҳати умумии кишварро ишғол намуда,  550 километри мукааб  захираи об доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи ҳаҷми умумии об  ҷои 8 - ум ва аз рӯи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва 1 километр  ҳудуд) ҷои аввалро ишғол мекунад. Захираи умумии солонаи потенсиалии энергияи барқи обӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 527 миллиард  кВт - соатро ташкил медиҳад.                 
  Дар шароити имрӯзаи   торафт кам шудани  захираи сӯзишворӣ   ва афзоиши  рӯзафзуни этиёҷот  ба неруи барқ рушди соҳаи  энергетикаи  обӣ, яъне мавриди истифодаи васеъ қарор ёфтани  манбаъҳои  барқароршавандаи энергия беш аз пеш аҳамият пайдо кардааст.  Тоҷикистон дар ин маврид   аз ҳисоби истеҳсоли барқи  нисбатан  арзон ва аз ҷиҳати экологӣ   безарар барои пешрафти  иқтисодӣ имкониятҳои беназир дорад.  Аз сӯи дигар, сохтмони  неругоҳҳои  барқи обӣ  дар шароити    тағйирёбии  иқлим  роҳи беҳтарини   танзими истифода ва ҳифзи  захираҳои обу  энергетика мебошад.  Ба воситаи   бунёди  неругоҳҳои барқи   обӣ мо имкон пайдо мекунем, ки давлатҳои  ҳамсояро  бо барқ ва ҳам дар мавриди хушксоливу камобӣ бо ҳаҷми зарурии об таъмин созем.
Рушди иқтисодӣ  бе иқтидори баланди энергетикӣ  имконнопазир аст.  Фаъолияти тамоми соҳаҳои  замони муосир  ба  қувваи барқ вобастагии сахт дорад.  Тибқи   маълумоти Агентии  байналмилалии  энергетика,  то соли 2030 талабот ба  захираҳои энергетикӣ  нисбат ба соли 2006   50 дарсад меафзояд.    
Ҳоло қариб дар ҳамаи кишварҳо  бунёди  неругоҳҳои  барқи обӣ вусъат ёфтааст ва аҳамияти энергетикии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки бо пешниҳоди  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ пазируфта шудааст, равшан ба назар мерасад.
Раҳмоналӣ ЧИЛАЕВ,
унвонҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 18726
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед