сафарҳо
Сафари Президенти Тоҷикистон ба Швейтсария
2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси умумиҷаҳонии иқлим ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар кард.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғуломҷон Бобозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамралиев, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Хурсандмурод Зикиров, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.
Дар фурудгоҳи пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ва дигар ашхоси расмӣ гусел намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2180