logo

туризм

САЙЁҲӢ. ИҚТИДОРИ ВОҚЕӢ БАРОИ РУШД

Мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию рекреатсионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидаткунанда мебошанд. Миёни мардум чакандӯзию гулдӯзӣ, чӯбтарошию заргарӣ барин ҳунарҳои мардумӣ эҳё шуда, ривоҷ ёфта истодаанд. Ба андешаи коршиносон, инкишофи туризмҳои экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ ва фарҳангӣ барои вилоят хос мебошанд.


Корҳои тарғиботиву ташкилӣ назаррасанд, вале…
Тибқи маълумоти оморӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба вилояти Хатлон 3 ҳазору 100 нафар сайёҳони дохилӣ ва 16 туристи хориҷӣ, ки бештарашон аз Испания буданд, ташриф овардаанд.
Коршиносон иброз медоранд, ки дар Тоҷикистон мавсими сайёҳӣ аз моҳҳои март – май оғоз мешавад ва минбаъд омадани сайёҳон бештар мегардад.
Бо мақсади ҷалби ҳар чи бештари сайёҳон ба вилоят маҷмӯи харитаҳои туристӣ бо нишондоди мавзеъҳои таърихӣ, табиӣ-рекреатсионӣ, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори туристӣ бо теъдоди ҳазор нусха ба забонҳои русӣ ва англисӣ омода шуда, буклету роҳнамоҳои алоҳида оид ба мавзеъҳои туристӣ ва таърихӣ омода гардиданд. Бо мақсади беҳ гардондани сифати хизматрасонӣ дар меҳмонхона, тарабхона ва дигар марказҳои ташрифи сайёҳон аз ҷониби раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҳамчун сохтори масъул омӯзишҳо гузаронда мешаванд. Тайи солҳои охир ҷавонон барои таҳсил ҷиҳати дарёфти ихтисосҳои роҳбалад, тарҷумон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ сафарбар шуданд. Гузашта аз ин, се муассисаи олии вилоят дар ин самт мутахассис омода мекунанд.
Дар ноҳияи Балҷувон, ки минтақаи асосии ташрифи сайёҳон маҳсуб меёбад, 4 хатсайри сайёҳӣ таъсис ёфтааст. Ширкатҳои сайёҳии «Сарихосор Тревел» дар ноҳияи Балҷувон ва «Морхӯр» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Мувофиқи маълумоти дастрас, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Сайёҳ 21» ва «Сайри Тагнов» барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳояшонро ба идораи дахлдор пешниҳод кардаанд.
Дар баробари ин, як қатор мушкилиҳо ҷой доранд, ки барои нигоҳдории теъдоди ташрифи саёҳони анъанавӣ ва ҷалби гурӯҳҳои нави шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар таъсири манфӣ мерасонанд. Аввалан, маблағгузории маҳдуди соҳаи туризм аз буҷети маҳаллӣ ва норасоии мутахассисони соҳибтахассуси соҳа. Дигар ин ки дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ду фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият дошта бошад ҳам, хатсайрҳои парвоз танҳо ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ҳасту халос.
Ба гуфтаи коршиносон, захираҳои сайёҳии вилоят ба таври зарурӣ истифода намегарданд. Инфрасохтори соҳа дар баъзе мавзеъҳо рушд накардааст.

Туризми экологӣ: имкониятҳо зиёданд
Тибқи маълумоти коршиносони Созмони ҷаҳонии туристӣ туризми экологӣ дар даҳсолаи охир байни сайёҳон маъруфияти бештар пайдо карда, яке аз фишангҳои устувори рушд гардидааст. Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристии кишвар нишон медиҳанд, ки вилояти Хатлон барои рушди туризми экологӣ имконияти зиёд дорад. Асоси онро шароити нодири табиӣ, мероси фарҳангӣ ва этникии мардуми вилоят ташкил медиҳад.
Тибқи арзёбии мутахассисон иқтидори иқтисодии сайёҳии экологӣ дар вилоят воқеан бемаҳдуд аст, вале барои ташаккул ва рушди он маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим аст. Таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои туризми экологӣ имкон медиҳад, ки дастрасии гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон таъмин шавад. Ба ин хотир, барои ҷалби сармояи хориҷӣ фароҳам овардани шароити мусоид зарур аст.
Иҷрои ин тавсияҳо ва таъмини талаботи махсуси туризми экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нигоҳдории намудҳои  нодири ҳайвонот ва наботот, инчунин, тавсеаи мунтазами ҷуғрофияи  хатсайрҳо имкон медиҳанд, ки рушди бомуваффақияти туризмро дар вилоят пешгӯӣ намоем.
Шаҳноз ҚУРБОН, Лола РИЗОЕВА,
«Ҷумҳурият»,
Душанбе – Қӯрғонтеппа – Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 2855
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед