барқияҳо
БАРҚИЯҲОИ ТАСАЛЛИЯТ
24 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хабари талафоти зиёди одамон бар асари фаромадани ярч дар музофоти Сичуани Чинро бо андуҳи амиқ дарёфтам.
Дар ин соатҳои душвор мо дарди мардуми дӯсти Чинро қисмат мекунем.
Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони бар асари ин ҳодиса ҳалокшуда расонед».
Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн ва Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷанобони Олӣ!
Фоҷиаи ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари сӯхтор дар шаҳри Бахавалпури вилояти Панҷоб боиси андуҳи амиқи мо гардид.
Ҳамдардиву тасаллияти хешро ба наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комилро масъалат дорам».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.06.2017 №: 134-135 Мутолиа карданд: 2734