logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, барои мулоқот ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон вазирони кишварҳои аъзоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирон натиҷаҳои бобарор орзу карданд.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир ва пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона ва огоҳона дар чаҳорчӯби иттиҳод барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар доираи иттиҳод қабулгардида, гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамоянд.     
Дар ҷараёни мулоқот дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2017    №: 134-135    Мутолиа карданд: 2519
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед