logo

мулоқотҳо

Дидорбинии Эмомалӣ Раҳмон бо Пан Ги Мун дар Женева

3  сентябр  дар ҳошияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаҳои иқлим, ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария идома дорад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун вохӯрд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Дабири кулли он барои кӯмакҳои ҳамешагии башардӯстона ва пуштибонӣ аз иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон арзи сипос намуд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун дар посух нахуст ба суханронии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, ҳамчунин таъкид намуд:
 -Шумо Сардори давлате ҳастед, ки ман эҳтироми хоса дорам. Шумо ҳамеша ташаббусҳои шахсии ман ва Созмони Милали Муттаҳидро дастгирӣ менамоед.
Пан Ги Мун  Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар Иҷлосияи навбатии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва Конфронси ҷаҳонӣ доир ба иқлим, ки охири моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад,  даъват намуда, аз ҷумла изҳор дошт:
-Иштироки Шумо, чун роҳбари ташаббускор ва пуштибон аз иқдомоти  Созмони Милали Муттаҳид, ба манфиати ҳалли масоили баррасишаванда хоҳад буд.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Сардори давлат Эмомалӣ     Раҳмонро ҳамчунин барои татбиқи босамари  Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иштироки ӯро дар  Саммити ғайрирасмии сарони давлатҳо оид ба масоили иқлим, ки моҳи сентябри соли оянда баргузор хоҳад шуд, ба манфиати кор номид.
Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳамкории  васеъ дар  соҳаҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика, метавонад боиси ҷалби бештари маблағҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон шавад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳавасмандии Тоҷикистонро ба ҳамкории васеи байналмилалӣ дар масъалаҳои вобаста ба иқлим таъкид дошта, аз Пан Ги Мун даъват намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид дар тарҳрезии рӯзнома, ташкил ва баргузории конфронс доир ба баррасии натиҷаҳои нимаи аввали Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт», ки моҳи июни соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, саҳмгузор бошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки иқдоми навбатии Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2012 чун Соли байналмилалии дипломатияи обӣ мавриди дастгирии Созмони Милали Муттаҳид қарор мегирад.
Зарурати густариши ҳамкории сиёсиву амниятӣ низ миёни Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид, аз ҷумла барои таҳкими амнияту субот дар Афғонистон ва барқарорсозии иқтисодиёти он.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1942
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед