logo

маориф

ТАЪМИРИ МАКТАБҲО АЗ ҲИСОБИ БУҶЕТ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони ноҳияҳо ва дигар масъулини соҳаи маорифи шаҳрро вазифадор намуд, ки таъмиру тармими мактабҳо, кӯдакистонҳо ва боғчаҳои кӯдаконро тибқи қонунгузории ҷорӣ роҳандозӣ намуда, то 1 августи соли равон оид ба корҳои дар ин самт баанҷомрасида маълумот диҳанд.
- Солҳои қаблӣ, бо вуҷуди хилофи қонун будани ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ, дар аксар таълимгоҳҳои пойтахт ҳолати мазкур ба мушоҳида мерасид. Омӯзгорони мактабу кӯдакистонҳо аз моҳҳои марту апрел ба маъракаи пулҷамъкунӣ шурӯъ намуда, дар давраи таътили тобистона корҳои таъмиру тармими муассисаҳои мазкурро ба роҳ мемонданд, - гуфт Муҳаммадалӣ Азизӣ, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
- Бо мақсади  иҷрои супориши раиси шаҳри Душанбе  оид ба  манъ намудани ҷамъоварии маблағ барои тармиму таъмири мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакон аз ҳисоби волидон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии чор ноҳияи шаҳр комиссия ташкил намуда, бо падару модарон ва омӯзгорон вохӯриҳо гузарондем, ба волидон мазмуну муҳтавои супориши роҳбарияти шаҳрро фаҳмондем. Иқдом аз ҷониби падару модарон хуш истиқбол шуд. Инчунин, омӯзгорон аз сарбории зиёдатӣ, ки назди волидон доштанд, озод шуданд, - афзуд мавсуф.
Супориши раиси шаҳр дар мавриди қатъиян манъ намудани ҷамъоварии маблағ барои тармиму таъмири мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакон аз падару модарони хонандагон  боиси қаноатмандии сокинони пойтахт гардида, ҳамовозии зиёд пайдо кард. Солҳо боз ин масъала дар ВАО баррасӣ мегардид, аммо роҳи ҳалли худро намеёфт.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 1965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед