logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПЕТЕР СИЙЯРТО

28 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярторо ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Венгрия мақоми муҳим дошта, 25 сол боз дар сатҳу зинаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд идома доранд.
Дидори имрӯза имконияти мусоид барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Венгрия арзёбӣ шуд.
Аз сатҳи робитаҳои сиёсии Тоҷикистон ва Венгрия изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб барои идомаи бобарори ҳамгироӣ дар доираи СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии иқтисодию молиявӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, технологияи инноватсионӣ, маориф, тандурустӣ, фармасевтӣ ва фарҳанг гардида, дар оянда таҳкими ҳамкориҳои байнипорлумонӣ, ба роҳ мондани робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирон, таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маъданҳои кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо ва металл, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва сохтмонӣ, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи туризмро муҳим шумурданд.
Ба нақш ва пешоҳангии Тоҷикистон дар истифодаи захираҳои обӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода шуд ва таҳкими робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Венгрия дар доираи узвияти ҳар ду давлат дар Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об таъкид гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба таъмини амнияту бехатарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ баррасӣ шуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2017    №: 136    Мутолиа карданд: 2496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед