logo

энергетика

БОЗ ЯК ИҚДОМ. ТАЛАФОТИ НЕРУ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

Лоиҳаи кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд аз як тараф  ба пурра таъмин намудани муштариёни шаҳри Хуҷанд бо ҳисобкунакҳои электронии интелектуалии муосир мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар таҷдиди қисмати шабакаҳои барқиро дар бар мегирад. Бо сабаби он ки аксари шабакаҳои барқӣ дар замони шӯравӣ сохта ба истифода дода шудаанд, имрӯз куҳнаву фарсуда гардида, ба талафоти зиёди неруи барқ оварда расондаанд.
Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик», зимни ташреҳи Созишномаи иловагии № 1 ба Созишномаи қарзӣ № 41538, аз 8 июни соли 2011 байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани неру дар вилояти Суғд» иброз дошт, ки вобаста ба маблағгузории лоиҳа созишномаҳои қарзӣ, кафолатӣ, грантӣ ба маблағи 30, 4 миллион доллар тасвиб шуда буданд. Созишномаи иловагии № 1, аз 3 августи соли 2016 байни ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағи 4 миллион долларро дар бар мегирад. Назар ба гуфтаи мавсуф, барои таъмин ва насби ҳисобкунакҳо, таҷҳизоти системаи гирифтани нишондодҳо ва системаи билинг барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он 21,76 миллион доллар, таҷдиди шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд 4,41 миллион доллар, сохтмони зеристгоҳи «Темурмалик» 4 миллион доллар пешбинӣ шудааст.
Созишномаҳои асосӣ вобаста ба маблағгузории лоиҳаи кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд солҳои 2011 - 2012 ба имзо расонда шудаанд. Дар марҳалаи аввали лоиҳа корҳои зиёд, аз ҷумла 14 адад истгоҳи трансформаторӣ насб гардид. Ҳамчунин, беш аз 14 километр хатҳои кабелии буриши кундалангиашон гуногун  аз шиддати 6 ба 10 киловат иваз шуданд. То 15 июни соли равон  62774 адад ҳисобкунаки барқии электронӣ дар шаҳри Хуҷанд васл шуд. Аз 97 назоратчии шаҳр, ки бо ҳисобкунакҳо ва аҳолӣ сарукор доштанд, танҳо як нафар барои баргардондани қарзҳои қаблӣ  боқӣ мондааст ва аксари онҳо ба дигар корҳо гузаронда шуданд. Талафот дар  5 моҳи аввали соли ҷорӣ ба андозаи 3,1 дарсад кам шуд.
Мунаввари САФАР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 18589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед