logo

маориф

СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАЪСИС ЁФТ

Бо мақсади татбиқи босамари нақшаю барномаҳои амал бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани  соли 2017 қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар бораи таъсис додани стипендияи раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Маблағи ҳармоҳаи стипендия 250 сомонӣ буда, он дар нуҳ моҳи соли хониш ба 200 нафар хонандагону донишҷӯёни беҳтарини муассисаҳои  таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе дода мешавад. Ҳамзамон, бо ҳамин қарор низомномаи стипендияи раиси шаҳри Душанбе, ки пешбарӣ, озмун, комиссия, тарзи санҷиш ва ҷузъиёту муқаррароти дигари додани стипендияро фаро мегирад, тасдиқ гардид.
Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози асосии амалигардонии қарор муқаррар гардида, назорати иҷрои он ба зиммаи муовини раиси шаҳри Душанбе, ваҷҳҳои дигари татбиқи қарор  бар дӯши раёсату шуъбаҳои  дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шудаанд.
Тавре аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ҳадаф аз ин иқдом мусоидат ба таълиму тарбияи беҳтари наврасону ҷавонон, ҳавасманд намудани онҳо ба омӯзиши асосҳои илму техникаи муосир ва татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ба ифтихори Соли ҷавонон роҳандозишуда мебошад.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2017    №: 137    Мутолиа карданд: 2684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед