қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
Моддаи 1. Дар қисми 9 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2016 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 11, мод. 893; с. 2017, № 3 – 4, мод. 196; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2017, № 1442) рақам ва калимаи «30 июни» ба рақам ва калимаи «31 декабри» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 1 июли соли 2017, № 1443
ҚАРОРИ Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 30 июни соли 2017, № 838
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2017 №: 139 Мутолиа карданд: 2653