logo

туризм

САЙЁҲӢ. АЗ РОҲҲОИ КАМХАРҶУ СЕРДАРОМАД ИСТИФОДА НАМЕБАРЕМ, ЧАРО?

Бо фаро расидани фасли тобистон кормандони марказҳои сайёҳӣ  хеле серкор шуда, сайёҳони хориҷиро ба минтақаҳои интихобкардашон раҳнамоӣ мекунанд. Маркази рушди сайёҳии шаҳри Душанбе низ яке аз чунин марказҳост, ки 8 сол боз роҳнамоию хизматрасонии сайёҳонро бар зимма дорад.
- Имрӯз, ки айни сайру саёҳат аст, мутахассисони  шумо дар самти рушди сайёҳӣ чӣ корҳоеро анҷом медиҳанд? – пурсидем аз Баҳриддин Исомуддинов, сарвари марказ.
- Айни замон баҳри он кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба сайёҳон хизмати шоиста расонем. Чанд соли охир  ҳавасмандии сайёҳони хориҷӣ ба  кӯҳбароӣ, саёҳат бо қаиқ ва сайру саёҳат кардан бо мошин  бештар шудааст, - гуфт ӯ.
Ҳама мехоҳем, ки ташрифи сайёҳон ба кишварамон сол ба сол бештар шавад. Барои ба он ноил шудан бояд тарғиби ёдгориҳои таърихию бостонӣ, кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои софу равону шифобахш ва табиати нотакрору тамошобоби ватанамонро берун аз хоки кишвар ҳар чи бештар  тарғибу ташвиқ кунем. Як нақши бузургро интернет мебозад, ки бояд аз он пурсамар истифода барем. Ҳоло, ки роҳ то минтақаи Искандаркӯл мумфаршу озода аст,  сайёҳон бо мошинҳои сабукрав аз пойтахт дар дуюним соат ба он ҷо расида, аз манзараҳои нотакрораш лаззати маънавӣ мегиранд. Лекин барои сайёҳон бо мошин ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардан  гарон меафтад. Агар  хатсайрҳои собиқи ҳавоӣ кушода шаванд, шумораи сайёҳони ҳавасманд чандин баробар меафзояд. Дар минтақаҳои сайёҳии Варзобу Ромит мушкилие нест. Рӯзҳои шанбею якшанбе аз саҳар то бегоҳ он мавзеъҳо пури сайёҳ аст.
Айни замон ба ҷумҳуриамон сайёҳон бештар аз Аврупо, аз ҷумла кишварҳои Фаронса, Швейтсария ва Олмон, меоянд. Ҷопониҳо низ ба манзараҳои марғуби Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд. Сайёҳон бештар ба пиёдагардию кӯҳбароӣ шавқманданд.
Сайёҳӣ бо велосипед низ чанд соли охир рӯ ба афзоиш дорад. Сайёҳон ҳавасманданд, ки аз Душанбе то Помир бо велосипед раванд. Ин гуна сайёҳон шаҳрвандони кишварҳои Аврупоянд. Як гурӯҳи онҳо бо велосипед аз чанд давлат гузашта аз қаламрави Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Гурӯҳи дигар велосипеди сафарии худро бо ҳавопаймо меорад. Бояд гуфт, ки дар пойтахт як нуқтаи иҷора додани велосипедҳо мавҷуд аст, аммо шароити равуо ба минтақаҳои дурдаст дар он ба назар гирифта нашудааст. Сайёҳони хориҷӣ хоҳишманди онанд, ки дар Душанбе велосипеди дилхоҳи худро киро намуда, онҳоро дар минтақаи анҷоми сафарашон гузошта, пас гарданд. Фикр мекунам, анҷоми ин хоҳиш бо харҷи кам метавонад даромади хуб биёрад.
Аз оғоз то имрӯз аз 200 то 500 нафар сайёҳӣ велосипедсавор ба Тоҷикистон омада, аз кишварамон бо таассуроти фараҳбахш ба кишварҳои худ бозгаштаанд. Ва имкон ҳаст, ки ин навъи сайёҳиро дар оянда рушд диҳем.
Дар торнамои марказ дар бораи Тоҷикистон ба ду забон – русиву англисӣ маълумоти зарурӣ мавҷуд аст, ки аз он ҳама хоҳишмандон, аз ҷумла сафоратҳои дар Тоҷикистон буда,  метавонанд истифода баранд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2017    №: 140    Мутолиа карданд: 2761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед