ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Боздошти милитсия ба далели гирифтани пора
Дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти як корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба далели гирифтани пора хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, капитани милитсия Мулорӯзӣ Шарифов, ки ба ҳайси нозири минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд кор мекард, аз шаҳрванд «А» барои нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ 14000 сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда ҳангоми гирифтани пора дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи нишондодашуда ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Мулорӯзӣ Шарифов бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Маҳкумшудае, ки боз даст ба ҷиноят зад
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлонро, ки қаблан бо моддаҳои 138 қисми 2 ва 200 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба гумони роҳзанӣ дастгир намуданд.
Боздошти ин шаҳрванд, ки марди 28 - сола гуфта мешавад, дар пайи аризаи зани 24 - солаи сокини ҳамин ноҳия ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ муяссар гардидааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, ин зан дар аризааш, аз ҷумла навиштааст: “Рӯзи 1 июли соли равон шахси номаълум вориди манзили истиқоматиам шуда, бо олоти буррандаю халанда як маротиба ба баданам зада, бо роҳи зӯрӣ аз гарданам гарданбанди тиллоӣ, ки 1000 сомонӣ арзиш дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад”.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2017 №: 141 Мутолиа карданд: 1170