logo

ҳуқуқ

ҚОЧОҚ. ПЕШГИРӢ ВА МАРГИ ДУ ҶИНОЯТПЕША

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 - юми июли соли ҷорӣ аз вуруди ғайриқонунии қочоқчиёни мусаллаҳ тавассути ду нуқтаи сарҳадӣ ба хоки Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.
Дар ин бора Муҳаммад Улуғхоҷаев, роҳбари маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ба “Ҷумҳурият” хабар дод. Бино ба маълумоти ӯ, нахуст кӯшиши убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи маълумоти оперативӣ дар яке аз минтақаҳои дидбонгоҳи тобеияти Отряди сарҳадии “Панҷ” пешгирӣ шудааст. Зимни гузарондани амалиёт қочоқчиёни мусаллаҳ ба амри хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ итоат накарда, ба сӯи онҳо оташ кушоданд, ки мунҷар ба даргирии мусаллаҳона гардид. Баъд аз фирори қочоқчиён ба тарафи Афғонистон аз ҷойи ҳодиса тақрибан 16 килограмм маводи мухаддири навъи ҳашиш, як адад яроқи оташфишони АКМ 74, як адад тирдон бо тирҳояш дарёфт ва мусодира шуд. 
Айни чунин ҳодиса дар нимашаби ҳамон рӯз дар минтақаи тобеияти Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” рух дод, вале ин шабохун бо марги қочоқбарон анҷом шуд. Дар натиҷаи амалиёти марзбонон ду қочоқчии шахсияташ номаълум безарар ва дигар аъзои гурӯҳ ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд.
Бино ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳар ду ҳолат аз ҷониби раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тафтишот идома дорад.
Ф.ҶУМЪАЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.07.2017    №: 142    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед