ҳуқуқ
ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН 25 СОЛИ ҲАМКОРӢ ВА ДӮСТӢ
Робитаҳои мутақобилаи мардуми тоҷику ҳинд таърихи тӯлонӣ доранд. Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Рушди муносибатҳои кишварҳо чи бар асоси тавофуқномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ба нафъи ду кишвар ва дар маҷмӯъ ба манфиати сулҳу субот, амният, рушди иқтисодӣ ва ҳамгироии бештари минтақавӣ хоҳад буд.
Ин матлабро Ёрмаҳмад Ниёзӣ, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дар нишасти илмие, ки ахиран таҳти унвони «Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ» дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ баргузор гашт, баён намуд. Мавсуф дар ҳузури олимону коршиносон ва намояндагони васоити ахбори омма доир ба ҷанбаҳои илмию амалии ҳамоиш ва 25 - умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар доираи манфиатҳои муштарак ибрози назар намуда, зикр сохт, ки ҷониби Ҳиндустон барои бахшҳои гуногуни соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва техникӣ дар омодасозии мутахассисони тоҷик кумак менамояд. Дар баробари ин, теъдоди зиёди донишҷӯёни Ҳиндустон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, бахусус дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино таҳсил мекунанд. Таъкид шуд, ки бо мусоидати ин кишвари дӯст чандин тарҳи бозсозӣ ва сохтмони иншооти нав дар Тоҷикистон, аз ҷумла шифохонаи низомии Қӯрғонтеппа ва меҳмонхонаи панҷситораи «Шератон» иҷро шудааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки кишвараш шароиту имкониятҳои мусоидро барои такмили ихтисоси шаҳрвандони Тоҷикистон дар самтҳои гуногун таҳти барномаи ҳамкории техникӣ ва иқтисодии “Айтед” пешниҳод мекунад. Ба иттилои сафир, то имрӯз зиёда аз 1250 мутахассиси тоҷик дар доираи ин барнома такмили ихтисос намудааст. Ҳамкориҳо дар соҳаи кайҳон, энергияи барқароршаванда, технологияи иттилоотӣ тавсеа меёбанд. Гурӯҳи коршиносони тоҷик дар марҳалаи аввал бо курсҳои вобаста ба омӯзиши технологияи кайҳонӣ ба Ҳиндустон сафар карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов иброз дошт, ки тиҷорат байни ду кишвар дар соли сипаришуда 23,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон асосан доруворӣ, матоъ, сарулибос ворид гардида, аз кишвари мо хӯлаҳои алюминий ва дигар маъданҳо содир мешаванд. Сармояи умумии Ҳиндустон дар иқтисодиёти Тоҷикистон 47,4 миллион долларро ташкил додааст, ки аз он 24,4 миллион сармояи мустақим мебошад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мавқеи Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар аксари масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳалли масоили муҳими вобаста ба сулҳу субот ва амнияти минтақа ба ҳам наздик мебошад. Аз ҷумла, Тоҷикистон ва Ҳиндустон манфиатдори ҳалли ҳар чи зудтари низои Афғонистон мебошанд ва нисбат ба ин қазия дар аксари маврид мавқеъҳои ба ҳам мушобеҳ доранд. Узвияти Ҳиндустон дар Созмони Ҳамкории Шанхай метавонад ба ҳамгироии минтақавӣ, иҷрои барномаҳои муштараки иқтисодӣ ва таъмини амният дар минтақа мусоидат кунад.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.07.2017 №: 142 Мутолиа карданд: 1358