туризм
ТУРИЗМИ ФАРҲАНГӢ - ТАЪРИХӢ: МУШКИЛОТ ВА НИЁЗҲО
Ҷои пинҳон нест, ки иқтидорҳои туристии Тоҷикистон бузурганд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки метавонад дар рушду равнақи иқтисоди миллӣ нақши калидӣ бозад, туризми фарҳангӣ - таърихӣ мебошад.
Ҳоло дар қаламрави кишвар бештар аз 2000 ёдгорӣ мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо таърихи беш аз 5000-сола доранд. Мероси пурғановати фарҳангиву таърихии мамлакат, аз қабили қалъаҳои Ямуч (асрҳои II то милод VII милодӣ), Ҳисор (асрҳои V то милод X милодӣ), шаҳракҳои Панҷакенти Қадим (асри V-VII), Тахти Сангин (асрҳои IV то милод III милодӣ), Ҳулбук (асрҳои IX-XI), дайри буддои Аҷинатеппа (асри VIII) ва оромгоҳҳои шахсони шинохта, ҳамчунин, иншооту биноҳое, ки дар замони шӯравӣ ва соҳибистиқолӣ бунёд шудаанд, дер боз таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардаанд ва аз онҳо бояд самаранок истифода бурд.
Коршиносони соҳа набудани рекламаро, ки тавонад имкониятҳои туристии мамлакат, хусусан бахши сайёҳии таърихию фарҳангиро бозгӯ намояд, аз проблемаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ мекунанд.
Муродалӣ Ашӯралиев, дотсенти кафедраи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, набудани маълумотҳои пурраи илмиву оммавиро ба забонҳои англисӣ, хитоӣ ва арабӣ дар бораи мавзеъҳои таърихии кишвар яке аз сабабҳои кам рушд кардани ин навъи туризм медонад. Ба гуфтаи ӯ, аксарияти ширкатҳои туристии мамлакат маводҳои рекламавии худро танҳо ба ду забон: тоҷикӣ ва русӣ паҳн мекунанд. Ин дар ҳолест, ки айни замон сайёҳони зиёда аз 80 мамлакати олам аз ҷумҳурӣ дидан мекунанд.
Дар робита ба ин, воситаҳои ахбори оммаи кишвар метавонанд дар тарғиби мавзеъҳои туристӣ саҳми бориз гузоранд. Ҳамин аст, ки мамолики пешрафтаи ҷаҳон барои ҷалби сайёҳон аз ВАО самаранок истифода мебаранд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон рекламаҳое, ки аз тариқи ВАО дар бораи ёдгориҳои таърихӣ пахш мешаванд, ҳатто барои аҳолии дохилӣ басанда нестанд. Зеро аз рӯи мушоҳидаҳо қисми зиёди аҳолии мамлакат дар бораи чунин мавзеъҳо маълумоти кофӣ надоранд. Дар сурати надоштани маълумоти зарурӣ мо наметавонем имкониятҳои туристии мамлакатро ба сайёҳони хориҷӣ муаррифӣ намоем.
Ба ҷуз ин, мутахассисон дар наздикии минтақаҳои туристӣ бунёди деҳаҳои хурди намоишии қадимӣ ва бозорҳои бостонии шарқиёнаро зарур меҳисобанд. Ҳамчунин, ба ақидаи коршиносон, барои ҷалби сайёҳон дар қалъаҳои Ҳисор, Ямуч ва амсоли инҳо гузоштани намоишҳои театрӣ, ки бозгӯи таърихи онҳо бошанд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2017 №: 143 Мутолиа карданд: 2751