logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

ПОРА
Директори мактаб бо даҳ ҳазор рубл ба даст афтод
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти директори яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо гумони гирифтани пора хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорат, гумонбар, ки аз ӯ зани 42 - сола ном бурда мешавад, ҳангоми  гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд. Номбурда моҳи феврали соли 2017 аз зани 55 - солаи сокини шаҳри Конибодом барои гузарондани наберааш аз як синф ба синфи дигар, ки дар соли хониши 2016 - 2017 дар дарсҳо иштирок накардааст, 10 000 рубли русӣ ҳамчун пора талаб намудааст.
Ба гузориши манбаъ, рӯзи 5 июли соли ҷорӣ директори мактаб дар ҳудуди бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми гирифтани маблағи нишондодашуда дастгир гардида, далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ДУЗДӢ
Амале, ки подошаш ҷавобгарии ҷиноятист
Дар пайи шикояти марди 32-солаи сокини деҳаи Файзободи Болои шаҳри Кӯлоб ба мақомоти корҳои дохилӣ кормандони милитсия як зани 22-соларо ба гумони дуздӣ аз манзили истиқоматӣ боздошт намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои дохилӣ, зани гумонбар бо мақсади дуздӣ 5 июли соли равон бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии сокини деҳаи Файзободи Боло шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Вале ин амали ҷинояткорона зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор ва сокини маҳаллаи Заринкӯҳи шаҳри Кӯлоб, ҳамчун гумонбар дар содир намудани дуздӣ дастгир ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2017    №: 143    Мутолиа карданд: 1157
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед