мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН ВА НАМОЯНДАГОНИ ҲАМАИ ТАБАҚАҲОИ ҶОМЕАИ КИШВАР
Имрӯз дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10 - солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки даҳ сол муқаддам - соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид
Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат дар рӯзҳои таҷлили 10 - умин солгарди қабули қонун ҷиҳати натиҷагирӣ аз он боз як ҳамоиши васеъ доир шуд, то ки бо ба назар гирифтани дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.
Бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд. Ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст. Ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.
Дар мулоқоти имрӯза намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои мамлакат баромад намуда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таклифу пешниҳодҳои худро баён карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2017 №: 144 Мутолиа карданд: 2623