ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ҚАТЛИ ҲАМСАР. ҶИНОЯТИ 13 СОЛ ПЕШ ОШКОР ШУД
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ парда аз рӯи ҷиноятеро бардоштанд, ки 13 сол қабл содир шудааст.
Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки кормандони милитсия дар шаҳри Ваҳдат ба гумони содир намудани ҷинояти куштор ва ё қатли ҳамсар ҷавони 39 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Нуъмон Розиқи шаҳрро боздошт намуданд.
Тафтишот муайян намудааст, ки номбурда аз соли 2000 бо ҳамсараш -зани 41 - сола зиндагии якҷоя дошта, бо сабаби муноқишаи оилавӣ моҳи ноябри соли 2004 ӯро шабона бо зарби каланд ба ҳалокат расондааст. Баъд аз ин ваҳшоният, номбурда ҷасадро дар таҳхона зери хок намуда, рӯи онро бо бетон пӯшондааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мазкур баъди он ошкор шудааст, ки ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 20 - сола муроҷиат карда, хабар додааст, ки ҳангоми таъмири таҳхонаи манзили истиқоматиаш ҷасади шахсияташ номаълумро дар ҳолати устухонпора дарёфт намудааст.
Нисбат ба ин ҳодиса тибқи талаботи моддаи 104 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2017 №: 145 Мутолиа карданд: 1265