ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ-узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фарҳод ТОИРОВ, менеҷери департаменти муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Собиқаи кории 35-сола дорам. Санаи таваллудам 12 декабри соли 1959. Модари танҳо, соҳиби 2 фарзанд мебошам. Айни замон дар шуъбаи ёрии таъҷилии Беморхонаи марказии ба номи Шодӣ Сафарови ноҳияи Мастчоҳ дар вазифаи ҳамшираи шафқат кор мекунам. Бигӯед, ки барои ба нафақа баромадан ягон имтиёз дорам?
Холбико Қурбонова,
сокини деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ
- Моддаи 15 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи шахсонеро, ки ба нафақаҳои имтиёзнок шомил ҳастанд, пешбинӣ намудааст. Шумо ба ин гурӯҳи шахсон, ки барои ба нафақаи пеш аз муҳлат баромадан барояшон имтиёз муқаррар шудааст, дохил намешавед. Собиқаи кории 35 - солаатон бошад, тибқи муқаррароти моддаи 16 қонуни мазкур ҳангоми таъйини нафақа барои баландтар гардидани андозаи он ба инобат гирифта хоҳад шуд.
- Чанд сол аст, ки ба нигоҳубини шахсони бемор, дар баъзе мавридҳо кӯдакону пиронсолон машғулам. Пайвандону наздикони онҳо бар ивази хизматам ба ман маблағи муайян медоданд. Ба ҳамин васила зиндагиамро пеш мебурдам. Ба наздикӣ нозири минтақавӣ аз ман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолиятамро пурсон шуд. Ҳуҷҷат, ки надоштам, фаъолиятамро муваққатан қатъ намудам. Барои идомаи фаъолият кадом ҳуҷҷатҳоро бояд дастрас намоям?
Зебо, шаҳри Қӯрғонтеппа
-Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 августи соли 2012, таҳти № 451 номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешавад, тасдиқ шудааст. Мувофиқи банди 39-и ин номгӯ шумо барои хизматрасонӣ оид ба иҷрои корҳо дар хонаҳо, нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон бояд аз мақомоти андози маҳали зистатон патент дастрас намуда, худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гиред.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.07.2017 №: 145 Мутолиа карданд: 1331