logo

маориф

ММТ: АЗ САВОЛҲО ТО ҶАВОБҲО

Бо таъсиси Маркази миллии тестӣ имкон фароҳам омад, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шаффоф ва одилона баргузор шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар ин маврид дуруст таъкид доштаанд, ки «Падару модарон ва даҳҳо ҳазор хатмкунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад».

Довталабон бо дарки ин масъала дигар такя на ба шахсони миёнарав ва қаллоб мекунанд, балки ба дониши андӯхтаашон умед мебанданд. Аз ин рӯ, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ҷиддӣ омодагӣ мегиранд.
Тавре бархе аз коршиносону масъулон иброз доштанд, махсусан соли равон нисбат ба солҳои пешин бисёре аз довталабон пештар аз вақти муқарраршуда, яъне 165 дақиқа ба саволҳо ва масъалаҳои тест ҷавоб пур карданд.
Соли равон шумораи комбинатсияҳои ихтисосҳо барои интихоб ба 12 - то расонда шуд.
Бо дохил намудани риёзиёт ё худ математика ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ ба фанҳои имтиҳонии «класси 3» довталабонро водор намуд, ки ба ин фанҳо муносибати ҷиддӣ дошта бошанд ва онҳоро хуб омӯзанд. Инчунин, барои дигар ихтисосҳо супоридани имтиҳонҳо аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик ҳатмӣ гардид, ки албатта, муҳим арзёбӣ мешаванд.
Маркази миллии тестӣ махсусан дар соли равон фаъолияти чашмрасу пурсамар дошт. Яке аз масъалаҳои муҳими он, ба иттилои Икроми Хуршед, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани мутахассисони маҳаллӣ – таҳиягарон ва муқарризони саволу масъалаҳои тест буд. Воқеан, саволу масъалаҳои тест, ки дар ду навъ дода шудаанд, хуб омода гардидаанд. Дар оғоз  барои ба хатоӣ роҳ надодан ба ҳангоми пур кардани  ҷавобҳо дар китобчаи тест дастури пурраи он вуҷуд дорад.
Фикр мекунам, ки дар «компоненти Б.З – забон ва адабиёти тоҷик» саволҳои душворе низ роҳ ёфтаанд, ки  баъзе аз мутахассисони соҳа низ дар он ҳолат ва фурсати муайяншуда ҷавоб пайдо карда наметавонанд. Аз ҷумла, «Кадом асари Садриддин Айнӣ бо тасвири романтикии зебо оғоз мешавад?». А) «Одина» В) «Ғуломон» С) «Дохунда» Д) «Марги судхӯр». Довталаб агар ин чор асарро нахонда бошад, маҳол аст, ки ҷавоби дурустро биёбад. Ба ҷуз ин, бо мутолиаи ин асарҳо дар гумон аст, ки «бо тасвири романтики зебое оғоз» шудани онро дар хотир бигирад. Дар хотир гирифтани он ҳам агар мутахассиси соҳа набошад, ба чӣ дардаш бармехӯрад? Ба ҷойи он агар ғояи асаре ё қаҳрамони марказӣ интихоб мегардид, беҳтар буд.
Дар фанни таърих чунин савол аст: «Пас аз Билл Клинтон кӣ президенти ИМА интихоб гардид?» Довталаб аз ин чор ҷавоб бояд якеро интихоб бикунад: А) Барак Обама В) Ҷорҷ Буш (писар) С) Ҷорҷ Буш (падар) Д) Хиллари Клинтон.
Фикр мекунам, ки «Президенти имрӯзии ИМА кӣ аст?» агар чун савол интихоб мешуд, беҳтар буд. Донистани номи президентҳои қаблии ИМА барои довталаб, ки ҳоло танҳо хатмкунандаи синфи 11 аст, он қадар муҳим нест.
Беҳтар аст, агар дар солҳои баъдӣ ҳатман дар қисмати таърих якчанд савол оид ба фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми солонаи ӯ ба Маҷлиси Олӣ, қаҳрамонҳои Тоҷикистон ҷой дода шаванд.
Шиносоӣ бо чанд китобчаи тестие, ки довталабон ба саволҳо ҷавоб пур кардаанд, маро ба ин хулоса овард, ки онҳо ҳангоми таҳсил таҳлилҳои фонетикӣ ва синтаксисиро хуб аз худ накардаанд. Мурод аз ин ҷумла он аст, ки мутахассисон дар доираи имкон, албатта, бо таҳлили ҷавобҳо вазъи дарсазхудкунӣ ё худ омӯзиши фанҳоро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ намоянд. Нашри мақолаҳои  махсус низ дар матбуоти даврӣ оид ба он ба манфиати кор мебошад. Ироаи андешаҳои мутахассисон, омӯзгорон дар интихоби беҳтари саволҳо ва нишон додани ҷавобҳо барои интихоб, бешак, ба манфиати умум аст. Дар ин кор ҳамаи масъулон бояд ёрии худро бирасонанд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2017    №: 145    Мутолиа карданд: 3491
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед