logo

ҳуқуқ

КУШТОРИ БЕРАҲМОНА. ҚОТИЛ 27 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ

Суди шаҳри Душанбе Маъруфҷон Турғунови 25 - сола ва Нуриддин Юлдашеви 26 - сола, сокинони шаҳри Душанберо дар содир намудани ҷинояти авбошӣ тибқи моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.
Тавре Амонзода Намоз Шариф, судяи суди шаҳри Душанбе, ба “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, ин афрод бо ҷурми куштор мутаносибан аз 27 то 3 сол аз озодӣ маҳрум шуданд. Тавре зикр гардид, дар маҷлиси ошкорои судӣ муайян шудааст, ки рӯзи 21 январи соли ҷорӣ Маъруфҷон Турғунов бо таҳрики Нуриддин Юлдашев дар пайи як муноқиша шаҳрванд Н. Нуралиевро бо зарби корд ба қатл расондааст.
Ин кирдори ҷинояткорона, ки дар назди манзили зисти марҳум Н. Нуралиев, воқеъ дар кӯчаи ба номи Р. Каримови шаҳри Душанбе рух додааст, аз мушоҳидаи дигар одамон дур намондааст. Аз ҷумла, ин ҳолатро Тоир Маҳмадов, як рафиқи Н. Нуралиев аз масофаи дуртар дида, ба ҷойи ҳодиса меояд. Чун ба ҷойи ҳодиса расид Маъруфҷон Турғунов бо корди дар даст доштааш ба қафаси синаи ӯ низ зада, фирор мекунад. Вале ин охирин амали ҷинояткоронаи ӯ набуд ва бо ҳамин усул С.Сояев шаҳрванди дигареро, ки хост ӯро таъқиб кунад, захмдор намуд.
Дар ҷараёни мурофиаи судӣ, амали ҷинояткоронаи Маъруфҷон Турғунов бо далелҳои қотеъ тасдиқ гардиданд. Дар ин робита бо ҳукми суд  Маъруфҷон Турғунов бо моддаҳои 237 қисми 3 банди “а”, 104 қисми 2 банди “к” ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а, к” ва Нуриддин Юлдашев бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд.
Суд нисбат ба Маъруфҷон Турғунов мутобиқи талаботи моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиншуда, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 27 сол таъйин кард. Нуриддин Юлдашев бошад, бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ 3 сол равонаи зиндон шуд.
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2017    №: 146    Мутолиа карданд: 1356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед