ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Қонуншикание, ки боиси марги ҳафт нафар шуд
Суди шаҳри Ваҳдат шаҳрванд Б. Маҷидовро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бар асоси моддаи 212 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, номбурда барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки 11 марти соли 2017 зимни идораи нақлиёти тамғаи «3ил - 130» дар ҳудуди қабристони Роҳатии роҳи мошингарди Ваҳдат - Ромит талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон намудааст. Ӯ дар нақлиёти боркаш ғайриқонунӣ зиёда аз 25 нафарро савор карда, ҳангоми ҳаракат дар роҳ ба садама дучор шуд, ки боиси марги 7 мусофир ва ҷароҳат бардоштани чаҳор нафари дигар гардидааст.
Ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунии шираи камол
Кормандони милитсия 11 июли соли ҷорӣ зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вилояти Хатлон, марди 47 - солаи сокини шаҳри Турсунзодаро бо гумони муомилоти ғайриқонунии шираи камол дастгир намуданд.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки номбурда аз заминҳои хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳритуз 12 ҳазору 500 бех ниҳоли «Шираи камол»-ро буридааст, ки дар пайи ин амал 91 ҳазору 995 сомонӣ зарари молӣ ба миён омадааст.
Ба иттилои манбаъ, далели шайъӣ - 2 килограмм маводи шираи камол дарёфт ва мусодира шуда, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ғоратгар ба даст афтод
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба марди 47 - солаи сокини пойтахт, ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, парвандаи ҷиноятӣ боз намуданд.
Шахси гумонбар, ки рӯзи 11 июл боздошт шуд, 10 июли соли равон бо роҳи зӯроварӣ аз дасти зани 23-солаи сокини шаҳри Душанбе 320 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг-G3»- ро тасарруф намудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2017 №: 146 Мутолиа карданд: 1317