мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СТЕФАНО МАНСЕРВИС
12 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии маъмурияти Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд Стефано Мансервисро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот аз сатҳу сифати ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои тақвияти бештар ва пойдориву судмандии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Воситаи муҳими беҳбудбахши ҳамшарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, қабл аз ҳама, татбиқи босамари иқдомҳои солҳои охир, аз ҷумла амали «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ», хусусан Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ арзёбӣ шуд.
Бо қаноатмандӣ фаъолияти воситаҳои муҳими тақвиятбахши ҳамкориҳо, аз ҷумла кори муназзами Шӯро ва Кумитаи ҳамкорӣ, ҳамчунин, Кумитаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва Муколама байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардида, татбиқи муваффақонаи Барномаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2014-2020, ки ҷудо гардидани маблағи 251 миллион евроро ба Тоҷикистон дар се самти асосии ҳамкорӣ: тандурустӣ, маориф ва рушди деҳот пешбинӣ менамояд, ҳамчун санади муҳими беҳтарсозии ҳамшарикӣ муҳим шумурда шуд.
Аз баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва дар доираи он муаррифӣ гардидани Барномаи рушд барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар ин санадҳо муайянгардида кишвари мо ба дастгирии шарикони рушд ниёз дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва ҳалли мушкилоти амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомӣ дар Афғонистон ва тақвияти бештари имконияти ҳифзи сарҳадот ва иқтидорҳои техникиву низомии ниҳодҳои марзбониро баррасӣ намуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.07.2017 №: 146 Мутолиа карданд: 2591