ҳуқуқ
ПУРСИШ ва ПОСУХ
Ба саволҳо Ғуфрон БОЙМАТОВ - узви Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Айналишо АЙНАЛИШОЕВ, муовини сардори Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54 - 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Ман 30 сол инҷониб дар ихтиёри худ 0,34 га замини боғот дорам. Дар ин бора 25 декабри соли 2009 қарори раиси ноҳия таҳти № 671 қабул шудааст. Ин қитъаи заминро ба номи се нафар - Дорубек Сатторов (0,12га), Гулрухсор Сатторова (0,11га) ва Гулҳавас Сатторова (0,11га) сертификат кардем. Ду сол пеш хостем гирди онро панҷара гирем. Директори мактаби № 52-и ноҳия даъво кард, ки аз 0,34 га 0,26 гектараш ба мувозинати мактаб гузаштааст. Маълум гашт, ки ӯ сертификати худро як сол баъд аз мо бо қарори раиси ноҳия гирифтааст. Барои ба ҳолати аввала баргардондани замин ба суди ноҳия бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кардем, рад карданд. Сипас ба зинаи боло, яъне суди вилоятӣ бо шикояти кассатсионӣ муроҷиат намудем, ки дар натиҷа ҳалномаи суди ноҳиявӣ бетағйир монд. Барои бозпас гирифтани 0,26 га замини боғотам ба куҷо муроҷиат намоям?
Дорубек Сатторов, сокини ноҳияи Қубодиён
- Аз муҳтавои саволатон аён аст, ки вобаста ба баҳси мавҷуда санади судии зинаи якум қабул гардида, он пас аз беқаноат монондани шикояти назоратиатон дар суди марҳилаи кассатсионӣ бетағйир мононда шудааст. Айни замон ҳалномаи суди марҳилаи аввал ба қувваи қонунӣ даромадааст. Дар ин ҳолат шумо ҳуқуқ доред ба суди марҳилаи назоратӣ аз болои ҳалномаи суди зинаи якум ва қарори марҳилаи кассатсионӣ шикояти назоратӣ баред.
* * *
- Оё барои таъсис додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ лозим аст?
С. Гулбеков, сокини шаҳри Хоруғ
- Не. Тибқи банди 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияи ҷамъиятӣ таъсис диҳанд. Инчунин, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо, дохил шаванд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.07.2017 №: 147 Мутолиа карданд: 1279