logo

маориф

АЗ БАҚАЙДГИРИЮ ИМТИҲОНОТ ТО ИСТИФОДАИ КВОТАҲО ДАР ВМКБ КАМБУДИҲО ЗИЁДАНД

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо дар нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ идома доранд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имтиҳонҳо дар бинои мактаби президентии шаҳри Хоруғ мегузаранд.
Мувофиқи маълумоти раёсати маорифи вилоят, имсол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоятро 3224 нафар ҷавонписарону духтарон хатм карда, 2272 нафарашон аз қайди нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Яъне, ҳамин миқдор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилотии вилоят бояд дар имтиҳонҳои мутамаркази дохилшавӣ иштирок намоянд. Довталабоне, ки самтҳои варзиш, санъат, дизайн ва меъмориро интихоб намудаанд, дар баробари санҷиши асосӣ имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ ва эҷодӣ месупоранд.
Эраҷ Ҷонмирзоев, сардори раёсати маорифи вилоят, вобаста ба тақдири 952 нафар хатмкардагони имсолаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, ки дар нуқтаҳои бақайдгирии ММТ аз қайд нагузаштаанд, арз намуд, ки 385 нафарашон ҳуҷҷатҳои худро ба коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ, 8 нафар ба мактабҳои ҳарбӣ, 180 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва 1 нафар ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ супурдаанд. 1154 нафар ҷавонписарону духтарони вилоят соҳиби Квотаи президентӣ гардидаанд. Ҳамзамон, 18 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилотии Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ва 72 нафар аз ноҳияи Мурғоб Квотаҳои президентиро ба даст оварданд. Дар машварати васеи назди раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз фаъолияти раёсати маорифи вилоят ва сохторҳои тобеи он, ҳамчунин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ҷиҳати истифодаи нокифояи 100 квотаи махсус, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароити махсуси ноҳия барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилотии он ҷудо намудааст ва натиҷаҳои бақайдгирии имсола дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ мавриди интиқод қарор дод. Зикр гардид, ки дар ноҳия аз 193 хатмкарда 43 нафар аз нуқтаҳои бақайдгирии ММТ гузашта, 4 нафар ҳуҷҷатҳояшонро ба коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ супурдаанд, 24 нафари дигар Квотаи президентиро ба даст оварданд. Қисмати 50 нафари боқимондааш чӣ мешавад? Ба гумони ғолиб онҳо роҳи Ҷумҳурии Қирғизистонро пеш мегиранд ва ба таври ғайрирасмӣ дар мактабҳои кишвари ҳамсоя таҳсилашонро идома медиҳанд ва ё ба сафи ҷавонони бекори ноҳия ворид хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят 134 нафар хатмкардагони имсола аз идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳурӣ берун мемонанд. Ба ин гурӯҳ боз даҳҳо нафари дигар аз хатмкардагони солҳои пеш дохил мешаванд.
Дар робита ба ин масъала Шодихон Ҷамшед иттилоъ дод, ки дар соли нави таҳсил коллеҷи кӯҳии шаҳри Хоруғ дар назди Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон бори аввал довталабонро аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таҳсил фаро мегирад. Бинобар ин, зарур аст, ки дар самти ҷалби ҷавонписарону духтароне, ки аз таҳсил берун мемонанд, ба ин муассисаи таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат дода шаванд.
Ҳамзамон, баъзе довталабоне, ки ба самтҳои дизайн ва санъат майл доранд, шикоят карданд, ки имсол дар супурдани имтиҳони маҳорату ҳунар ба мушкилӣ дучор омадаанд. Онҳоро пеш аз супурдани имтиҳони тестӣ ба шаҳри Душанбе даъват карда бошанд ҳам, имтиҳон дар рӯзу соати муқарраршуда баргузор нагардид ва сафари тӯлонии онҳо бенатиҷа анҷом ёфт. Шояд ин барои масъулон чандон хатои калон нанамояд, вале барои онҳое, ки бо ин мақсад баъди тай намудани садҳо километр роҳ ба маркази ҷумҳурӣ омада буданд, аз ҳар ҷиҳат мушкил буд. Баъди бозгашт ба вилояту супурдани имтиҳони тестӣ барои имтиҳони тахассусӣ довталабон аз нав ба Душанбе омаданд.
Зикр гардид, ки дар муассисаҳои тандурустӣ ва маорифи вилоят ниёз ба кадрҳои баландихтисос зиёд гардида истодааст, вале мутахассисони тариқи Квотаи президентӣ таҳсилкарда ба ҷои зисти худ барнамегарданд. Махсусан дар деҳоти дурдаст ба мутахассисони соҳибмаълумот ниёз бештар аст.
Роҳбарони муассисаҳо барои кадрҳои ҷавон шароити дурусти кор муҳайё намесозанд, ки ин низ боиси гурези мутахассисони маҳаллӣ мегардад. Ин аст, ки имрӯз аксари кадрҳои ботаҷрибаи вилоят дар дигар манотиқи кишвар ва берун аз он кору фаъолият доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2017    №: 148    Мутолиа карданд: 2244
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед