ҳуқуқ
АГЕНТӢ 151,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИРО БАРҚАРОР КАРД
Дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 1218 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор гардидааст.
Дар ин бора зимни ҷаласаи ҳайати мушовара вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 иттилоъ дода шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, аз ҷумлаи ҷиноятҳои коррупсионии ошкоршуда 281 адад вобаста ба азонихудкунии маблағу амволи давлатӣ ва марбут ба тасарруфи маблағҳои калони буҷетӣ мебошанд.
Дар ин давра аз сӯи кормандони агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 505 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда шудааст. Дар натиҷаи тафтишу санҷишҳо 225,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 151,2 миллион сомонӣ ба давлат барқарор гардидааст.
Татбиқи босамари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муқовимат бо коррупсия, интихобу ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳои ҳирфавии соҳа, ошкору пешгирии сабабу шароитҳои ба омилҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда аз мавзӯъҳои асосие буданд, ки дар ҷаласаи ҳайати мушовара мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни натиҷагирӣ фаъолияти кормандони соҳаро дар шаш моҳи соли ҷорӣ қаноатбахш арзёбӣ ва онҳоро ба хизмати содиқона дар роҳи мубориза бо коррупсия даъват намуд.
Ф. ҶУМЪАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.07.2017 №: 149 Мутолиа карданд: 1260