маориф
ТАҲСИЛИ ДУХТАРОН. НАБОЯД БА ОН МОНЕЪ ШАВЕМ!
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидаи масъулон, ки то имрӯз самари чашмрас низ ба бор овардааст, мутаассифона, монеъ шудан ба таҳсили духтарон ҳанӯз ҳам яке аз мавзӯъҳои ҳалталаби ҷомеаи мо боқӣ монда, ки дар деҳотҷойҳо решаи мустаҳкамтар дорад. Фаъолони ҷомеа сабаби асосии ин зуҳуротро дар тангназарӣ ва дар гирдоби анъанаҳои куҳнаву зиёновар ғӯтидани баъзе аз волидон унвон мекунанд. Гуфта мешавад аксари волидоне, ки барои таҳсили духтарон монеа эҷод мекунанд, худ саводи казоӣ надоранд, ки боиси ташвиш аст.
Ба қавли сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Гулчеҳра Ғаниева, як қисме аз ин духтарон баъд аз синфи 9 - ум пайи омӯзиши ҳунар ба омӯзишгоҳҳо дохил мешаванд, боқимонда воқеан ҳам аз хондан дур мемонанд. Баъзан, худи волидон идомаи таҳсили духтаронро дастгирӣ намекунанд, ки чанд омил дорад.
Агар як қисми волидон бо сабаби камбуди иқтисодӣ монеи хондани духтаронашон шаванд, гурӯҳи дигар идомаи таҳсилро барои онҳо зарур намешуморанд. Баъзан чунин ҳам мешавад, ки аз сабаби набудани муассисаи таълимӣ дар ин ё он деҳаи кӯҳистон мактаббачаҳо барои хондан аз ноилоҷӣ ба ҳамсоядеҳаҳо мераванд. Ин омил низ боис мегардад, ки волидайн баъди синфи нуҳум хонашин шудани духтарони худро авлотар медонанд.
- Омили дигар муҳити худи деҳа аст, ки аксари оилаҳо барои пешбурди зиндагӣ рӯ ба замин овардаанд. Ҳатто дар ҷараёни таҳсил ҳам баъзе аз оилаҳо фарзандони худро ба кори саҳро ҷалб мекунанд. Хатми синфи нуҳ бошад, баҳонаи хуби афзудани сафи кормандон дар оила маҳсуб меёбад,- мегӯяд Гулчеҳра Ғаниева.
Пас чӣ бояд кард?
Ба андешаи Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани таҳсили ҳатмии мактаби миёна яке аз роҳҳои ҳалли ин мушкил метавонад бошад. Мавсуф дар ин бора зикр намуд, ки: «тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсил то синфи 9 ҳатмӣ ва идома додани он ихтиёрӣ мебошад. Ин аст, ки ҳамасола баъди хатми синфи 9 шумораи зиёди духтарон бино бар сабабҳои гуногун аз таҳсил дар канор мемонанд. Агар гирифтани таҳсилоти пурраи миёна ба таври ҳатмӣ дар чорчӯбаи қонун муқаррар карда шавад, дар ин ҳолат теъдоди духтароне, ки имрӯз аз таҳсил дур мондаанд, коҳиш меёбад.
Мусаллам аст, ки донишомӯзӣ муҳимтарин фазилати инсонӣ буда, ба рушду камоли маънавии шахс мусоидат мекунад, нигоҳи ӯро ба муҳит, ба оламу ҳаводис амиқу маънирас менамояд. Гузашта аз ин, гирифтани таълим ва донишҳои замонавӣ барои пайдо намудани касб ва шуғли арзанда, кам кардани шумораи бекорон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Пас чаро бо истифода аз шароите, ки имрӯз давлату Ҳукумат барои насли нави ояндасоз фароҳам овардааст, дар тарбияи дурусти фарзанд, хоса духтаронамон, ки фардо машъалафрӯзи хонаҳою оилаҳоянд, бо диди тоза назар наандозем?
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2017 №: 150 Мутолиа карданд: 2404