ҳуқуқ
АМАЛИЁТИ БОБАРОР. АЗ ОШКОРСОЗИИ МАКОНИ ИСТЕЪМОЛИ НАШЪА ТО БОЗДОШТИ МУҶРИМОН
Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хабари оперативӣ, ки меҳмонони яке аз хонаҳои кӯчаи академикҳо Раҷабовҳои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд, амалиёти вижа гузаронданд.
Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни кофтукови хона, ки дар асл онро ба нашъахона табдил додаанд, якчанд вояи героин, понздаҳ адад сӯзандоруи истифодашуда ошкор ва мусодира гардид. Муайян карда шуд, ки дар ин хона меҳмонони хондаву нохонда мунтазам маводи нашъаовар истеъмол мекардаанд.
Ташкилкунандаи нашъахона марди 41-солаи сокини пойтахт будааст, ки қаблан ду маротиба барои даст доштан ба ҷинояти вобаста ба мухаддирот, инчунин, авбошӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Ин марди нашъаҷаллоб, ки дар зарфи ду моҳи охир меҳмононро бо маводи нашъаовар таъмин менамудааст, аз тарафи кормандони агентӣ дастгир гардид. Дастгиршуда иқрор шуд, ки якчанд моҳ инҷониб худаш ҳам героин истеъмол мекардааст ва маводи нашъаоварро аз шиносаш бо номи Амир барои минбаъд ба эҳтиёҷмандон фурӯхтан дастрас намудааст.
Созмондиҳандаи нашъахона ва таъминкунандагони маводи мухаддир дастгир гардида, айни замон дар Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ қарор доранд. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Зимнан, дар доираи ҳамин амалиёт дар ҳудуди шаҳри Ҳисор ду нафар боздошт шуд. Маълум гашт, ки онҳо низ қаблан барои даст доштан ба маводи нашъаовар ва авбошӣ суд шуда будаанд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дастгиршудагон маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира гардид. Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба паҳн намудани маводи нашъаовар дар байни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ машғул будааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2017 №: 151 Мутолиа карданд: 1282