маориф
ФАРХОР. САФИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН МЕАФЗОЯД
Тибқи иттилои Ғазалшо Сафарзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, аз 2298 довталаб, ки дар Маркази миллии тестӣ имтиҳон супурд 51 дарсадашро духтарон ташкил медиҳанд.
- Имсол муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро 2791 нафар хонанда хатм намуд. Аз ин 2301, яъне 85 дарсадашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурданд. 20 нафар тибқи Квотаи президентӣ ва 89 нафар тавассути маркази барномаҳои байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба таҳсил ҷалб шуданд. Ба ғайр аз ин, 293 нафар ба коллеҷҳо ва 133 нафар ба литсейҳои касбӣ - техникӣ қабул гардиданд, - гуфт Ғ. Сафарзода.
Дар ҳудуди ноҳия барои ташкил ва гузарондани имтиҳоноти дохилшавии хонандагон тамоми шароит муҳаё шудааст. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки сафи довталабони ноҳия сол аз сол меафзояд.
Вобаста ба ин масъала Рустам Бобохонзода, муовини раиси ноҳияи Фархор, иброз дошт, ки шаффофияти раванди дохилшавӣ ба хонандагон эътимод бахшид. Онҳо метавонанд ба муассисаҳои олии кишвар бемамоният дохил шаванд. Аз ин рӯ, соли гузашта аз байни 2611 хатмкунанда 2110 нафар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд, ки 80 дарсади умумии хатмкунандагонро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи Ғ.Сафарзода, имсол 100 нафар омӯзгори ҷавон, ки 15 нафараш тариқи Квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шуда буд, бо ҷои кор таъмин гашт.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2017 №: 151 Мутолиа карданд: 2356