logo

ҳуқуқ

"НАЙРАНГИ ЯК КОРФАРМО". БАЪД АЗ ЧОПИ МАТЛАБИ "ҶУМҲУРИЯТ" ҚАРЗИ МУЗДИ МЕҲНАТ ПАРДОХТ ШУД

Прокуратураи ноҳияи Зафаробод матлаби рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№114 - 117, 03 июни соли 2017) таҳти унвони  «Найранги як корфармо» - ро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба далели пешовардаи муаллифи матлаб М. Кенҷаев, сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, санҷиш гузаронд.
Дар рафти санҷиш муайян гардид, ки маблағи иҷрои корҳои тибқи созишнома  анҷомдодаи шаҳрванд М.Кенҷаев оид ба кандану васл кардани қубурҳои обгузар дар ҳудуди Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи «50 - солагии Зафаробод»-и Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ аз ҷониби раиси ассотсиатсия М.Назаров бо сабаби мушкили молиявӣ аз моҳи апрели соли 2016 инҷониб пардохт нагардида буд.
Бо дахолати прокуратураи ноҳия маблағи мазкур пурра ба манфиати шаҳрванд М.Кенҷаев пардохт шуда, аз тарафи номбурда бо назардошти тариқи мусбат ҳал гардидани масъала ба прокуратураи ноҳия сипосномаи хаттӣ ворид гардид.
А. СУЛТОНЗОДА,
прокурори ноҳияи Зафаробод, мушовири адлияи дараҷаи 1


PS. Ёдовар мешавем, ки Меҳроҷ Кенҷаев, сокини шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич, дар номааш ба унвонии «Ҷумҳурият» навишта буд, ки дар асоси як қарордод бо Меҳроҷ Назаров, раиси Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби ба номи «50 - солагии Зафаробод»-и Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод, давоми ду моҳ дар масофаи 2,5 километр қубурҳои обгузареро, ки истифода намешуданд, кофта, корҳои заруриро анҷом додаанд. - Ба қубурҳое, ки мо васл карда будем, об омад ва замин обёрӣ шуда истодааст. Аммо беш аз як сол аст, ки мо музди меҳнату хароҷотамонро гирифта наметавонем. Аз ин рӯ, зарур шумурдам, ки ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» муроҷиат намоям, - навишта буд Меҳроҷ Кенҷаев.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2017    №: 151    Мутолиа карданд: 1299
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед