ҳуқуқ
НИГАРОНӢ. АЗ ҶИНОЯТҲОИ ҚАЛЛОБӢ ВА ХАРИДУФУРӮШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН
Солҳои охир ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби шаҳрвандон зиёд шудааст. Баъзе шахсон бо ҳар роҳу восита шаҳрвандонро фиреб карда, моликияташонро ба даст меоранд ва аз баргардондани пулу моли мардум саркашӣ мекунанд.
Ин матлабро Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти ахири матбуотӣ баён дошт. Номбурда, дар мавриди додан ва гирифтани қарз гуфт, ки дар онҳо кирдори ҷиноятӣ вуҷуд надорад. Зеро дар ин ҳолат байни шаҳрвандон шартнома ба имзо расида, дар сурати иҷро нагардидани аҳди тарафайн қарз ба воситаи мақомоти судӣ рӯёнда мешавад.
Раиси Суди Олии мамлакат дар ҳузури хабарнигорон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва тартиби баррасии парвандаҳо дар ин самт низ суҳбат кард. Зимнан, оид ба ҷиноятҳои қаллобии вобаста ба замин ва харидуфурӯши ғайриқонунии қитъаи замин таваҷҷуҳ зоҳир гардида, бори дигар таъкид шуд, ки мувофиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузорӣ замин дар Тоҷикистон моликияти истисноии давлат маҳсуб меёбад. «Соҳиби замин давлат аст. Ягон сохтору мақомоти дигар ҳуқуқ надорад, ки заминро худсарона соҳибӣ кунад, фурӯшад ва харад». Бо зикри ин нукта Шермуҳаммади Шоҳиён аз зиёд будани ҷиноятҳои вобаста ба харидуфурӯши замин дар ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Рӯдакӣ изҳори ташвиш намуда, афзуд, ки бо ҳамин ҷурм мансабдорони сатҳи гуногун ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.
- Мутаассифона, таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, шаҳрвандоне, ки ҳамин намуди ҷиноятҳоро содир намуда, маҳкум ба зиндон мешаванд, баъд аз адои ҷазо ё берун шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ боз даст ба кирдори ношоиста мезананд. Қаллобӣ ва мардумфиребӣ мекунанд. Бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба харидуфурӯши замин машғул мешаванд. Аз ин рӯ, як нафар аз коллегияи Суди Олӣ ба рафти баррасии ҳамин намуди парвандаҳо дар суди ноҳияи Рӯдакӣ вобаста шудааст. Гузашта аз ин, кормандони Суди Олӣ ва судяҳои суди ноҳияи Рӯдакӣ уҳдадор шуданд, ки вобаста ба ин масъала бо мардум дидору вохӯриҳо анҷом дода, корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд. Ин ба он мақсад аст, ки шаҳрвандон ба қаллобон бовар накунанду ба доми фиреби онҳо наафтанд ва дар мавриди ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи замин аз роҳҳои қонунӣ кор гиранд,- таъкид кард Шермуҳаммад Шоҳиён.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2017 №: 151 Мутолиа карданд: 1330