ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
Боздошти корманди андоз бо ҷурми порагирӣ
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Суҳроб Манонов, корманди нозироти андози ноҳияи Варзоб баъд аз анҷоми тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ирсол шуд.
Тибқи иттилои сомонаи агентӣ, номбурда 26 майи соли ҷорӣ аз шаҳрванд «А» барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуданаш 8000 сомонӣ талаб намуда, дар ду ҳолат 5000 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Суҳроб Манонов баъди аз шаҳрванд «А» гирифтани боз 2500 сомонӣ дар дохили бӯстонсаройи «Водии гургон», воқеъ дар деҳаи Ғусғарфи Ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб, аз сӯи кормандони агентӣ боздошт шуд.
Ин боздошт дар асоси аризаи шаҳрванд «А» ба унвонии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи талаби пора сурат гирифта, нисбат ба дастгиршуда бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “в”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои роҳзанӣ
Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Қӯрғонтеппа сокини ҳамин шаҳр Оятулло Маҳмадназаровро, ки қаблан ду маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст, бо гумони даст доштан ба ҷинояти роҳзанӣ дастгир карданд.
Бар пояи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 11 июли соли ҷорӣ боздоштшуда бо роҳи таҳдиду истифодаи зӯроварӣ ба Н. Норматов, сокини ноҳияи Қубодиён, дарафтода, бо зарби корд ба ӯ зарари ҷисмонӣ мерасонад. Сипас, 4 ҳазору 300 сомонии ин шаҳрвандро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Гумонбар баъд аз ворид шудани аризаи Н.Норматов дар робита ба ин ҳодиса, дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппа боздошт ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.07.2017 №: 152 Мутолиа карданд: 1234